25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Фарзандони бинокорону омӯзгорон дар лагери тобистона ройгон истироҳат мекунанд

736
Бо ибтикори Шӯрои иттифоқи касабаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 85 нафар кӯдакону наврасон аз оилаҳои бинокорону омӯзгорон барои истироҳат ба лагери «Саодат»- и деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон фиристода шуданд. Сардори Шӯрои вилоятии иттифоқҳои касаба Марзия Некпаева гуфт, ки «ин кӯдакону наврасон дар муддати даҳ рӯз истироҳат мекунанд ва ҳам мувофиқи шавқу завқашон ба давраҳои омӯзишӣ ва намудҳои гуногуни варзишӣ ҷалб карда мешаванд.
Сардорони гурӯҳҳоро аз байни донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар интихоб кардем ва бештари онҳо дар баробари забони давлатӣ бо забонҳои русию англисӣ озодона суҳбат мекунанд. Ҳамарӯза дар чаҳорчӯби барномаи вижаи ахлоқию тарбиявӣ ба кӯдакону наврасон тарзи муоширату муносибат бо калонсолон, рафтору гуфтор дар хона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ омӯзонида мешавад. Ногуфта намонад, ки ҳангоми дарсҳо ба кӯдакону наврасон низ имконият дода мешавад, ки дар доираи мавзӯъ фикру ақидаи худро баён намоянд».
«Саодат» калонтарини лагери вилоят ба шумор рафта, дар як баст то 150 нафар истироҳаткунандагонро қабул карда метавонад. Ин лагер дар аввали солҳои шастум таъсис ёфта, баъди аз ҳам пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ чандин сол бекор монд. Бо кумаку дастгирии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва хадамоти маорифи Бунёди Оғохон он дубора фаъол гардида, хобгоҳу ошхона ва синфхонаҳои он навсозӣ шуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво