20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИЗҲОРОТИ кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

930
Мо кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи кирдорҳои ҷинояткоронаи аъзоёни ҲНИТ, ки аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ зери роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо бо лақаби «ҳоҷи Ҳалим» содир гардидаанд, муҳокима намудем.

Беҳуда нагуфтаанд, ки :
Ҳар кӣ бо душмани халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.


Ҳамин аст, ки гурӯҳи алоҳидаи бадкеш ба мақсади худ нарасид. Халқи тоҷик ҳанӯз ҳам сабақи талхи ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накардааст ва ягонагӣ, сулҳу оромӣ барои ҳар як сокини Тоҷикистони азиз мафҳумҳои хеле пурарзиш ҳастанд ва тамоми саъйю кӯшишро бар он харҷ медиҳанд, ки амнияти кишвар пойдор бимонад.

Изҳор менамоем, ки рафтори хоинонаи ин гурӯҳ ягон фарди бедордили миллатро бетараф гузоштана метавонад. Беихтиёр садои қалби ҳар як сокини ватандӯсти Тоҷикистон баланд мешавад:

- Мо рафтори хиёнаткоронаи ин гурӯҳи ҷинояткорро шадидан маҳкум мекунем. Сулҳу оромии ҷомеа, самараи заҳмату талошҳои Сарвари давлат, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба қиммати ҷони худ нигаҳбонӣ мекунем!




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво