18 май 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барои дарёфти стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасону ҷавонон озмун баргузор гардид

610
2-3 августи соли равон дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ озмун баргузор гардид.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд, имрӯз дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе низ чунин озмунҳо доир шуданд.

«Тибқи Низомнома довталабони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагону донишҷӯёне мебошанд, ки рафтори намунавӣ ва эҳтироми хосса дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон доранд, бо баҳои аъло ду соли охир таҳсил намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд»,- иттилоъ доданд аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе.

Ҳамчунин бо мақсади дастгирии наврасону ҷавонони лаёқатманду аълохон дар доираи Соли ҷавонон мутобиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 июни соли равон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои 200 (дусад) нафар, аз ҷумла 160 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 40 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва дар сатҳи ноҳияҳо стипендияи раисони ноҳияҳо таъсис дода шудаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво