20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба ду сокини ниёзманди вилояти Суғд хонаи истиқоматӣ тақдим гардид

183
Ба ду сокини ниёзманди вилояти Суғд хонаи истиқоматӣ тақдим гардидБа ду оилаи ниёзманди вилояти Суғд – истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд Муҳсин Носиров ва сокини шаҳри Гулистон Муяссар Неъматова калиди хонаҳои истиқоматӣ супорида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар партави иқдомҳои инсондӯстонаи Сарвари давлат аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ду оилаи ниёзманди вилоят калиди хонаҳои истиқоматӣ супорида шуд. Зикр гардид, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила шаҳрвандони эҳтиёҷманд бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки сокини шаҳри Хуҷанд Муҳсин Носиров ва оилааш якҷо бо пайвандон дар як ҳавлӣ ҳафт оила зиндагӣ мекарданд ва ниёз ба беҳтарсозии шароити зист дошт.

Истиқоматкунандаи шаҳри Гулистон Муяссар Неъматова маъюби гурӯҳи дуюм буда, солҳои зиёд инҷониб аз надоштани манзил иҷоранишин ва дар ҳоли беморӣ овораву сарсон буд.

Ба сокинони ниёзманд калиди хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон супорида шуд. Сокинон бо изҳори хушнудӣ барои дастгириву таваҷҷуҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии худро баён доштанд.

Ба ду сокини ниёзманди вилояти Суғд хонаи истиқоматӣ тақдим гардид


Ба ду сокини ниёзманди вилояти Суғд хонаи истиқоматӣ тақдим гардид


АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво