23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар Олимпиадаи байналмилалии «IQ-FISO» 39 медали тилло ба даст оварданд

127
Хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар Олимпиадаи байналмилалии «IQ-FISO» 39 медали тилло ба даст овардандДар натиҷаи ҷамъбасти даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии «IQ-FISO» ба хонандагони мактабҳои вилояти Суғд муяссар гардид, ки 39 медали тилло, нуқра ва биринҷиро дар ин олимпиада ба даст оваранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

28 майи соли ҷорӣ Олимпиадаи байналмилалии «IQ-FISO» тариқи фосилавӣ аз фанни «Мантиқ» баргузор гардида, аз ҷониби кумитаи тадорукоти озмун натиҷаи бадастовардаи хонанадагон расман эълон гардид.

Зикр гардид, ки дар озмуни мазкур 1271 нафар хонандагон аз 20 давлати дунё иштирок намудаанд. Дар ин Олимпиада 71 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят — Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 4 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 5 категорияи синну солӣ иштирок намуданд.

Хонандагони «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон 35 медал, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд 3 медал ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 4- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1 медал ба даст оварданд.

АКС аз бойгонӣ/Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво