Фарзанди содиқи Ватан бошем
1465
Ҷиҳати иҷрои супориши роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 18-уми сентябри соли 2015, ки изҳороти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба воқеаҳои охири кишвар бо мақсади маҳкум намудани кирдорҳои гурӯҳҳои ҷиноятпеша Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми октябри соли ҷорӣ бо иштироки васеи роҳбарон ва кормандони зерсохтори Кумита мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.
Саидзода Нуралӣ Ғиёс-муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бори дигар аз ҳодисаҳои ошӯбангези моҳи сентябр ёдовар шуда, дар бораи рафтори беадолатона ва хиёнаткориҳо нисбат ба халқу ватани собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода ҳарф зад. Субҳи 4 сентябр ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ба ҳалокат расондани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чорроҳаи кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе мардуми осоиштаро такон дода, ҳаводиси хунини солҳои аввали Истиқлолияти давлатиро дар зеҳни ҳамагон зинда кард. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз хотир ҳаргиз намебароранд, ки сулҳу салоҳ, ризоияти миллӣ ва зиндагии пур аз нозу неъмат тавассути сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мо даст додааст. Дар шароите, ки дар гӯшаҳои олам ҷанг асту хунрезӣ, муҳоҷирати иҷборӣ ҳасту гуруснагию қашшоқӣ ҳаёти осоиштаи мо ба чашми баъзе хоҷагони хориҷӣ ба мисли хор мехалад. Исёни генерали хоин ва ватанфурӯш Абдуҳалим Назарзода тамоми қишрҳои ҷомеаи моро ба ҳам овард ва ҳама ин хиёнати манфури ӯро маҳкум намуданд ва барои саркӯб карданаш дар атрофи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сарвари оқили худ ҷамъ омаданд. Ҳамин аҳлу тифоқӣ, якдигарфаҳмӣ буд, ки хоинони Ватан дар андак муддат саркӯб шуда, боз зиндагии оромона ҷараён дорад. Ҷумъа Зокир-муовини директори «ПИТ сохтмон ва меъморӣ оид ба илм», Ю.С.Исҳоқов -муовини директори ҶСК «Шаҳрофар», Абдураҳим Назарзода-сардори Раёсати саноат ва барномаҳои энергетикӣ, Абдураҳмон Каримов- директори КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» дар ин хусус фикру ақидаҳои худро баён намуда, изҳор намуданд, ки бо шукргузрӣ аз давлати соҳибистиқлол вазифадорем, ки дар ҳамкории зич корҳои тарғиботиву ташвиқотиро барои пешгирӣ ва гароидани ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва барои даъвати онҳо ба ҳифзи оромию суббот ва кору зиндагии осоиштаи мардум инчунин арҷгузорӣ ба дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои волои миллию фарҳангӣ ба роҳ монем. Арҷгузории мо ба ин арзишҳои воло меҳнати софдилона, ҷавонмардиву саховатмандӣ, ахлоқи ҳамида ва номуси баланди ватандориамон мебошад. Кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи кирдорҳои ношоистаи гурӯҳи ҷиноятӣ муҳокима намуда, қайд намуданд, ки рафтори хоинонаи ин гурӯҳ ягон фарди бедордили миллатро бетараф намегузорад ва ин рафтори ношоистаро маҳкум намуда, сулҳу оромии ҷомеа ва заҳматҳои беандозаи Сардори давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳё намудани сулҳи кишвар ҳамеша пуштибонӣ хоҳанд кард.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |