6 октябр 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ густариши ҳамкориро баррасӣ намуданд

57
Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ густариши ҳамкориро баррасӣ намуданд10 июн мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Душанбе Фаррух Султонов баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот атрофи мавзӯъҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (КБМ), инчунин густариши он дар самти таҳкими симои кишвар дар арсаи байналмилалӣ тавассути беҳтар намудани мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ, ташвиқи ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ва ба ин васила ҷалби сармояи хориҷӣ табодули афкор сурат гирифт.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво