4 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндагони беш аз 50 кишвари ҷаҳон Қалъаи Ҳисор ва Боғи зимистонаи «Шаршара»-ро тамошо намуданд

413
Намояндагони беш аз 50 кишвари ҷаҳон Қалъаи Ҳисор ва Боғи зимистонаи «Шаршара»-ро тамошо намудандДабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё Порнчай Данвиватана ва беш аз 50 нафар иштирокчиёни Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки намояндагони кишварҳои Русия, Чин, Австралия, Афғонистон, Покистон, Италия, Урдун, Нидерландия, Швейтсария, Нигерия, Сингапур, Сенегал, Туркия, Тайланд, Фаронса, Уганда, Бразилия, Венгрия, Зеландияи Нав, Исроил, Корея ва Қирғизистон буданд, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА.

Меҳмононро дар регистони Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор раиси шаҳр Қосим Роҳбар истиқбол намуд.

Қосим Роҳбар ташрифи онҳоро ба шаҳри бостонии Ҳисор хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки «ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бартараф кардани мушкилоти вобаста ба обу иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамаҷониба дастгирӣ меëбанд. Амалишавии пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла баргузории даҳҳо чорабинии сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар доираи даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор дар шаҳри Душанбе дар баробари рушди минтақа ва кишварҳои ҷаҳон дӯстиву бародарии миллатҳоро қавӣ гардонида, баҳри расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кишвар ва минтақа заминаи устувор мегузорад».

Намояндагони беш аз 50 кишвари ҷаҳон Қалъаи Ҳисор ва Боғи зимистонаи «Шаршара»-ро тамошо намуданд

Намояндагони беш аз 50 кишвари ҷаҳон Қалъаи Ҳисор ва Боғи зимистонаи «Шаршара»-ро тамошо намуданд

Дар остонаи арки Қалъаи таърихии Ҳисор сокинони шаҳр меҳмононро тибқи анъанаи тоҷикона истиқбол гирифта, ба Ҳисори Шодмон хуш омадед гуфтанд ва бо забонҳои гуногун дар васфи сулҳу дӯстӣ шеър қироат намуданд.

Сипас меҳмонон аз гӯшаҳои Қалъаи бостонии Ҳисор, дӯконҳои ҳунармандон, аз қабили атласу адрасбофӣ дидан карда, бо таърих ва ҳунарҳои мардумии дирӯзу имрӯзи тоҷикон шинос гардиданд.

Дар идома меҳмонон аз мавзеи сайёҳию истироҳатии Боғи зимистонаи «Шаршара» боздид намуда, ба таъриху фарҳанг, зебоии табиати шаҳри Ҳисор баҳои баланд доданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво