Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар самти ҷалби бештари сайёҳон густариш медиҳанд
323
Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Русия дар ҷараёни мулоқоти маҷозӣ масъалаи таҳкими ҳамкориро дар бахши сайёҳӣ баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқот ширкатҳои сайёҳии ду кишвар тариқи рӯнамо маърӯза намуда, имкониятҳои васеи сайру саёҳат ва зарфиятҳои нодири Тоҷикистон ва Русияро муаррифӣ намуданд. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Русия бо назардошти имкониятҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар хостори тақвияти робитаҳо гардидаанд. Мавриди зикр аст, ки Русия дар радифи кишварҳои даҳгона аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамасола намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар шаҳри Москва, аз ҷумла дар «Интурмаркет» ва «МИТТ» иштирок намуда, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро ба бозори сайёҳии Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод менамояд. АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |