19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тими олимпии Тоҷикистон оид ба футбол бозиҳояшро дар Ҷоми Осиё-2022 анҷом дод

111
Тими олимпии Тоҷикистон оид ба футбол бозиҳояшро дар Ҷоми Осиё-2022 анҷом додТими олимпии Тоҷикистон оид ба футбол (U-23) бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев бозиҳояшро дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 дар Узбекистон анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Ҷоми Осиё тими олимпии кишвар бе ҳузури як қатор бозигарони калидӣ, ки дар ихтиёри тими миллӣ ҳастанд, иштирок намуд.

Тими ҷавонони мамлакат (U-23) дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «D» се бозӣ анҷом дода, дар ҳар се дидор аз дастаҳои олимпии Арабистони Саудӣ (0:5), АМА (0:2) ва Ҷопон (0:3) мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ, аз гурӯҳи «D» дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Ҷопон ба даври чорякфинал баромаданд.

Дар чорякфинали Ҷоми Осиё миёни дастаҳои ҷавонони то 23-сола Узбекистон бо Ироқ, Австралия бо Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ бо Ҷопон ва Арабистони Саудӣ бо Ветнам вомехӯранд.

Акс: ФФТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво