14 ноябр 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Бизнес-форум миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Кирови Федератсияи Русия баргузор мегардад

291
Дар Душанбе Бизнес-форум миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Кирови Федератсияи Русия баргузор мегардад14 июни соли равон дар Меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе Бизнес форум ва вохӯрии дуҷониба (B2B) миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Кирови Федератсияи Русия баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Бизнес форуми мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «ЭКСКОН Групп»- и Федератсияи Русия гузаронида мешавад.

Зикр карда шуд, ки ҳайати тиҷоратии вилояти Кирови Федератсияи Русия, ки чор ширкату корхонаҳои миёна ва бонуфузро дар бар мегирад. Ҳайати мазкур бо мақсади дидан ва аз наздик шинос шудан бо имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории кишвар ва пайдо намудани шарикони тиҷоратии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд.

АКС: ПСС ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво