26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сафари гуруҳи корӣ ба Хитой

917
Бо мақсади шиносоӣ аз лоиҳаи лӯлаи гази «Тоҷикистон – Хитой» хатти D, ки таҳияи он аз ҷониби ширкатҳои лоиҳакашии хитойӣ ба анҷом расонида шудааст, таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ гурӯҳи корӣ аз 24 май то 2 июни соли 2017 ба шаҳри Ланфани Ҷумҳурии Халқии Хитой ба сафари хизматӣ баромаданд.Сафари гуруҳи корӣ ба Хитой

Дар ҷараёни сафар аз ҷониби мутахассисони Гурӯҳи корӣ 2830 ҳуҷҷати сохтмони иншооти лӯлаи гази «Тоҷикистон – Хитой», аз ҷумла 949 маҷмӯи ҳуҷҷатҳои қисми хати мазкур, 1039 ҳуҷҷатҳои қисми истгоҳҳои компрессорӣ, 90 ҳуҷҷати қисми алоқа ва системаи SCADA, 225 ҳуҷҷати маркази идораи диспетчерӣ, 527 ҳуҷҷат оид ба сохтмони нақбҳо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуда, эроду пешниҳодҳо дар Протоколи дуҷониба дарҷ гардиданд. Сафари гуруҳи корӣ ба Хитой

Дар баробари омӯзиши ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ҳамчунин мутахассисон аз фаъолияти корхонаҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии соҳаи нафту газ, ба монанди корхонаҳои лоиҳакашии CPPE, CPE, ширкатҳои пудратии CPP, ширкатҳои «Қубурсозӣ» ва «Қубуркашӣ», Озмоишгоҳи нафту гази ширкати миллии хитойӣ ва дигарҳо дар шаҳри Ланфан шинос гардидаанд.
Ба Гурӯҳи корӣ сармутахассиси Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лафизов Ҷамолиддин ҳамроҳ шуда, аз рафти иҷрои корҳо шинос гардид.
Дар рӯзҳои истроҳатӣ бо мақсади шиносоӣ аз фарҳангу маданияти Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Гурӯҳи корӣ муяссар гардид, ки аз ҷойҳои таърихӣ, муосир ва сохтмони иншооти хурду бузурги шаҳрҳои Пекин ва Ланфан боздид намоянд. Шиносоӣ, табодули афкор ва таҷриба бо ҳамкасбони хитоӣ минбаъд барои рушду нумӯи санъати меъморӣ ва шаҳрсозии Тоҷикистони азизамон дар фаъолияти корӣ истифода бурда мешаванд.
Мухбири “РБ”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво