29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таълимгоҳ – армуғони идона

683
Ҷашни 20-солагии ваҳдати миллӣ, ки дар шаҳри ваҳдатободи Ваҳдат таҷлил карда мешавад, ба мардуми ин диёр натанҳо тантанаю дилхушӣ ва базму тарабро меорад, балки онҳоро ба дидори шарифи Пешвои миллату чандин меҳмонони иззатманди дохилию хориҷӣ, ки ба диёрашон ташриф меоранд, мушарраф мегардонад. Ҳамчунин, ба муносибати ҷашн чандин иншооти бузургу хурдро мавриди истифодабарӣ қарор медиҳанд.
Рӯзи ҷашни 20-солагии ваҳдати миллӣ баробари варзишгоҳи шуҳратёри дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст дар маҳаллаи 20-ум, бинои осмонбӯси 18-ошёна дар шаҳраки Роҳатӣ, ҳамчунин, корхонаи коркарди меваю сабзавот дар деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов, мактаби миёна дар маҳаллаи 20-ум ва бинои сеошёнаи ШВКД дар кӯчаи Сомониён мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ғайр аз корхонаи коркарди меваю сабзавот ду-се сол пеш санги асоси дигар иншоотеро, ки имрӯз мавриди истифода қарор мегиранд, худи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд. Мактаби миёнаи маҳаллаи 20-ум аз ҷумлаи онҳост.
Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз дар Ваҳдат 152 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки 13-тоаш ибтидоӣ, 22-тоаш асосӣ ва 117-то миёнаи умумӣ буда, дар онҳо 3740 нафар омӯзгорон ба 68 ҳазору 640 нафар хонанда таълиму тарбия медиҳанд. Вабаста ба афзоиши аҳолӣ имрӯз нарасидани мактабу синфхонаҳо баръало мушоҳида карда мешавад. Як қисми мактабҳои деҳаҳои дурдасту кӯҳистон дар биноҳои куҳнаю фарсуда ва ғайри қобили истифода ҷойгиранд. Ҳаминро ба назар гирифта, се сол пеш, ҳангоми банақшагирии маҳаллаи 20-ум баробари варзишгоҳу меҳмонхона, боғи фарҳангию фароғатӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ сохтмони мактаби замонавӣ барои 640 хонанда дар як баст низ ба нақша гирифта шуда буд. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари варзишгоҳ 28 августи соли 2014 санги асоси таълимгоҳро ҳам гузошта буданд. Сохтмони мактаб моҳи сентябри соли 2015 шуруъ гардид. Бунёди онро сохтмончиёни ширкати сохтмонии ҶДММ «Диаман-К» бо маблағгузории ширкати чинии «TBEA» ба уҳда гирифта буданд. Инак, дар муддати камтар аз ду сол бо ҷаҳду талошҳои бинокорони «Диаман-К» мактаби чорошёнаи замонавии таҳхонадор дар ҷашни 20-солагии ваҳдати миллӣ ба қабули толибилмон омода гардид. Мактаб хеле зебо буда, бо сарфи 12 миллион сомонӣ сохта, дорои 29 синфхонаи таълимӣ мебошад. Дар ин бино, ҳамчунин, толори варзиш, маҷлисгоҳ дорои 300 ҷойи нишаст, ошхона барои 80 нафар дар як вақт, ду синфхонаи комтютерии дорои 50 компютер, синфхонаҳои махсуси лингофонии омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, англисию русӣ ва лабораторияҳои фаннӣ ҷой дода шудааст.
Акнун бо шарофати ҷашни ваҳдати миллӣ толибилмони деҳаҳои Чиртак, Гирдоб, Сеоба ва маҳаллаи Стансия соли нави таҳсилро метавонанд дар мактаби наву замонавӣ ва зебою барҳавои №71, ки дорои тамоми шароитҳо мебошад, истиқбол гиранд.
Д.Табарова,
мухбири "РБ"




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво