23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ваҳдати тоҷикон пойдор аст

783
Ваҳдат барои инсоният заруратест ба хотири пос доштану идома додани таърихи хеш, ҳамҷоя зистану обод кардану ба ободиву орзуҳо расидан аст. Ҳеҷ як қавму миллат таърих ва мавҷудияти хешро наметавонад бе муттаҳидӣ, худогоҳӣ, ваҳдати воқеӣ, ҷонбозиҳо ба хотири сулҳу оромӣ ва умедворӣ ба хотири оянда нигоҳ дорад.
Инак, аз Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол пур шуд. Сулҳи миёни тоҷикон падидаи нодиртарин дар таърихи башарият ба ҳисоб меравад. Ин намунаи ибратест ба ҳамаи он кишварҳое, ки ғарқи низоъу муноқишаҳо ҳастанд. Таҷрибаи дар муддати кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани ҷанги дохилӣ ва пойдор сохтани сулҳу амният ва ваҳдати мустаҳками миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид шинохта шуда, ҳамчун намунаи бесобиқа аҳамияти калони таърихию байналхалқӣ дорад.
Ваҳдати  тоҷикон пойдор аст

Чандест ки дар Вазорату кумита ва муассисаву корхона, макотиби оливу муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоии касабӣ аз хусуси ин падидаи нек сухан меравад. Ба ҳамин маънӣ 22 июн дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Ваҳдати милӣ – таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллат» маҳфили илмӣ – адабӣ баргузор гардид. Дар он доктори илми фалсафа, академики Академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви комиссияи оштии миллӣ Кароматулло Олимов ва Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷойизаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматулло Мирзоев иштирок ва суханронӣ намуданд. Ваҳдати  тоҷикон пойдор аст
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ ва шиносоии меҳмонон Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол гуфт, ҳастии ҳаёт ва пойдории олам ҳанӯз дар пояи сулҳу ваҳдат ва талошҳои хирамандонаву инсондӯстона бақо дорад. Аммо новобаста аз таърихи камоли инсон, имрӯз ҳастии оламу одамро хатарҳои эҷоднамудаи худи инсон, ба мисли экстремизму терроризми гуногуншакл ва дигар низоъҳо таъмин менамоянд. Барои ҳамин аз талошҳои аҳримании ин қувваҳо бояд хештанро ҳифз намуда, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки иттиҳоди қавӣ дошта бошем. Раиси Кумита зикр намуд, ки таҷлили 20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аҳамияти муҳими сиёсӣ- иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дорад. Ин тадбири фарҳангӣ аз таҳкими сулҳу Ваҳдат, муаррифии фарҳанги воло ва неруи шикастнопазири миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Ба таҳлили таърихи навин ва саргузашти миллатамон баргашта, ба хулосае меоем, ки ваҳдату ягонагии миллӣ бояд таҳким ёфта, ҳифозати давомдор ва ҳадафмандонаи онро таъмин намоем. Ваҳдати  тоҷикон пойдор аст

- Имрӯз агар сухан аз боби сулҳ, ваҳдату ягонагӣ дар Тоҷикистон равад, бешубҳа, симои Президенти мамлакат пеши назари ҳар як шахси сулҳхоҳ, ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон меояд - гуфт зимни суханронии хеш академик Кароматулло Олимов. – Ҳанӯз солҳои аввали ҷангҳои бемаънии таҳмилӣ диққати на танҳо мардуми тоҷик, балки кулли оламиёнро ин марди шариф бо ҷасорату мардонагии хеш қоил карда буд. Дар лаҳзаҳои ҳассоси мамлакат, Парчами миллиро бӯсида, ба мардум хитоб кард: «Ман ба шумо сулҳ меорам!». Албатта, душманони мо дар хориҷу дохили кишвар, ба таври ошкору ниҳон ба чунин суханон бовар намекарданд ва ҳатто баъзеҳо тинҷиву осоиштагиро ҳам дар мамлакат намехостанд, дигаронро низ талқин мекарданд, ки ба ин сухан бовар накунанд. Аммо ҷасорати азалӣ, номуси ватандории ин абармарди бузурги дунёи сиёсат фикрҳои хому бепояи онҳоро бо амалҳои ҷавонмардонааш як сӯ ҳаво дод. Манзараҳои басо хуши рӯзи 28 – уми июни соли 1997 ҳоло ҳам пеши назарамон аст, ки дар майдони ҳавоӣ кулли мардуми пойтахт ва гирду атрофи он, онҳое, ки хостори ҳарчӣ бештари ба имзорасии сулҳу салоҳ буданд, ҷамъ омада буданд. Аз номи аҳли зиёи мамлакат шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ гулчанбарро ба гардани Эмомалӣ Раҳмон овехт ва дарди дили мардум – ормонҳои миллиро бо шеъри тозаи худ, ки имрӯзҳо вирди забони ҳар як ватандӯст аст, табрик кард:

Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад,
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.

Воқеан ҳам, - гуфт К. Олимов, - имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи хирадмандона назар мекунанд. Ба Ҷойизаи байналхалқии «Сулҳ» сазовор гардидани шаҳри Душанбе аз ҷониби ЮНЕСКО дар моҳи сентябри соли 2004 бахшида ба 80 – солагии шаҳри Душанбе ба гуфтаҳои боло тақвият мебахшад. Аз ин хотир, мо метавонем бо боварии комил имрӯз ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва сулҳпавар дар арсаи байналхалқӣ худро муаррифӣ намоем. Натиҷаи файзбори сулҳ аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ мавқею мартабаи худро пайдо намуда, ташаббускори бисёр иқдомҳои наҷиби байналхалқӣ мебошад. Таҷрибаи таърихии сулҳи бадастомадаи тоҷикон нишон медиҳад, ки зӯроварӣ дар ниҳояти кор бенатиҷа аст ва бояд ба маҷрои ҳалли алтернативии мушкилот бештар аҳамият дода шавад. Айни замон дар тамоми ҷаҳон тамоюли дуршавӣ аз усулҳои фармонфармоии маҷбурӣ қувват мегирад ва баръакс, кӯшиши истифодаи музокирот ҳангоми ҳалли проблемаҳо пурзӯр мешавад, яъне дар маҷмӯъ, музокирот батадриҷ ба зиндагии мо ворид мегардад.
Ваҳдати  тоҷикон пойдор аст


Кароматулло Олимов ҳамчун узви комиссияи оштии миллӣ бо овардани чанд мисол аз давраҳои музокироти солҳои навадуми асри гузашта собит сохт, ки халқи тоҷик махсусан, Пешвои худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша хостори сулҳу салоҳ буданд ва ҳамин буд, ки саъю талошҳои Сарвари Давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои неку самарабахш ба бор оварданд ва дили сулҳхоҳи мардумро бори дигар ба зиндагӣ гарм намудад. Маҳз ҳамин сулҳу салоҳ буд, ки ҳамкориҳо миёни давлатҳои хориҷӣ шурӯъ ва равнақ ёфт, дар мамлакат сохтмони иншооти маданиву маишӣ, маскуниву хизматӣ, мактабҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ намуданд. Имрӯз Тоҷикистонро беш аз 140 давлати хориҷӣ ба расмият мешиносанд ва ҳамкориҳои сиёсиву фарҳангӣ, иҷтимоиву иқтисодиро миёни ҳамдигар барқарор намудаанд. Албатта, ҳамаи ин ба нафъи тарафҳо, аз ҷумла, ба хотири пешрафти соҳаҳо барои Тоҷикистони азиз аст. Акнун мардуми олам бо чашми умед ба сӯйи Тоҷикистон нигариста, чунин як иқдоми басо муассирро дар давлатҳояшон амалӣ карда истодаанд. Кишварҳое ҳастанд, ки 20 – 30 миллион нафар аҳолӣ доранд, аммо ҳамчун давлати мустақил эътироф нагардидаанд. Соҳибдавлатӣ ва зиндагии осоишта умеди доимии онҳост, вале ин чиз ба онҳо муяссар нагашта истодааст.
Аз ин рӯ, месазад, ки мо, мардуми тоҷик, ҳамеша ба он кӯшем, ки ин сулҳи бадастомадаи деринтизорро бо камоли хираду кордониамон муҳофизат намоем.
Боиси фахри мост, ки – афзуд К. Олимов, - ёдгориҳои таърихии моро дар ташкилоти байналхалқии ЮНЕСКО мепазиранд ва аз ҷумла, ёдгории Саразми бостониро, ки таърихи 5500 – сола дорад, ин ташкилот ба рӯйхати ёдгориҳои маънавию таърихии худ пазируфт. Чунин иқдомот дар бораи Тоҷикисон аз тарафи СММ хеле ва хеле зиёд аст, ки бояд ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад. Ин аз он дарак медиҳад, ки тоҷикон аз қадим маърифатпарвар, сулҳхоҳ ва мардуми ботамкину дурандеш будаанд.
Ваҳдати  тоҷикон пойдор аст
Таври маълум, адибони тоҷик ҳам дар замони даргириҳо андешаҳои худро тариқи асарҳои назмию насрии хеш баён карданд ва ба ин васила ҷангро маҳкум ва сулҳро тараннум намуданд. Кароматулло Мирзоев аз ҷумлаи он адибонест, ки дар тасвири ҳаёти реалии солҳои навадуми асри гузашта ба воситаи як қатор асарҳои хеш садо баланд намуда буд. Аз ҷумла, асари «Марги бегуноҳ» - и ӯ маҳз ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст, ки аз рӯйи он дар 6 қисм филм офарида шуд, ки ба таъкиди нависанда аксари иштирокдорони воқеаҳои солҳои навадум тимсоли худро шинохтанд. Нависанда бо таассуф қайд намуд, ки инъикоси рӯйдодҳои солҳои навадум аз тарафи адибони мо ба таври бояду шояд тасвир нашудааст. Халқи тоҷик бояд донад, ки чӣ воқеаҳо аз сар гузашт ва чӣ гуна бояд минбаъд пеши роҳи чунин бенизомиҳо гирифта шавад. Ба таъбири нависанда ҷанги соҳои навадуми асри гузашта таҳмилӣ буд ва акнун минбаъд бояд зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Ин масъала, махсусан ба ҷавонон бештар дахл дорад. Беҳуда нест, ки соли 2017 аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷавонон эълон гардид. Ҷавонони мо, ба таъбири халқӣ, акнун бояд чашми хешро калонтар во намуда, ба қадри ин ободкориҳо бирасанд, сулҳи бадастомадаро чун гавҳараки чашмашон ҳифозат намоянд. Аз ҳар гуна равияҳои ифротгаро даст кашида, ба сухани хоҷаҳои хориҷӣ гӯш надода, баръакс, дар эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёдамон саҳми хешро гузоранд. Ваҳдати  тоҷикон пойдор аст

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол дар поёни суҳбат барои иштирок ва суханронии пурмуҳтавояшон ба меҳмонон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, афзуд, ки маъмурият ва аҳли кормандони Кумита ҳамеша бар он назаранд, ки муттаҳидиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҳар як корхонаву коргоҳ, муассисаву ташкилот метавонад бо ҳамовозии хеш дар роҳи истеҳком бахшидани сулҳу салоҳи сартоасарӣ дар ҷомеа мусоидат намоянд.

мухбири «Рӯзномаи бинокорон»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво