20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ашт бар асари омадани сел 7 пул хароб шуда, ба 32 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зарар расид

300
Дар Ашт бар асари омадани сел 7 пул хароб шуда, ба 32 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зарар расид30 май дар Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд бинобар сабаби бориши борони зиёд ва жола аз селроҳаи Аштсой сел омада, 7 пулро дар қаламрави ҷамоат пурра хароб кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ.

Дар натиҷаи омадани лойобаву сангу шағал 8 километр роҳи байни деҳаҳо қисман хароб гардид. Ҳамчунин ба 32 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зарар расонида шуд. Ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ надошт.

Барои рафъи пайомадҳои офат қувва ва воситаҳои ноҳия ҷалб карда шудаанд.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мизони зарари расидаро муайян мекунад.

АКС: КҲФ ва МГ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво