20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Якдилу якмаром бошем!

465
Тибқи Нақшаи баргузории машғулиятҳои идоравии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият додани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом бо иштироки васеи кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷаласа баргузор намуд.
Муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони нзди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Каримзода зимни сухнронии худ қайд намуд, ки дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистӣ, риоя ва иҷрои фарҳанги либоспушӣ дар байни ҷавонону занон таъсис дода шудааст, ки дар ин самт фаъолият бурда истодааст.
Якдилу якмаром бошем!
-Дар ҷаҳони муосир падидаҳо ва зуҳуроти номатлубе амал мекунанд, ки танҳо ба як давлату як минтақа не, балки ба тамоми давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, дар маҷмуъ ба кулли мардуми сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин хатарҳои ҷаҳони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба вуҷуд оварда, дар ҳама манотиқи олам хатари паҳншавӣ дорад, ин терроризм ва ифротгароӣ ба шумор меравад. Ҳарчанд пайдоиши ин зуҳуроти номатлуб маҳсули ин асри нав нест, аммо авҷу ривоҷи ин зуҳуроти зишт дар ин қарн ба воситаи сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ба дараҷаи аъло расидааст, ки басо нигаронкунанда мебошад, - гуфт Каримзода А.
-Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар замони муосир терроризм ва ифротгароӣ хусусияти байналмилалӣ касб намуда, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, байниминтақавӣ, миллат ва дин, муқаддасоти миллӣ дигар вуҷуд надорад. Ин гурӯҳҳо ҳар лаҳза метавонанд ба ҷони одамони осоиштаи ин ва ё он халқу миллат зарари ҷиддии руҳӣ ва ҷисмонии худро расонанд.
Якдилу якмаром бошем!
Имрӯзҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои ифротиву ғайридавлатӣ беш аз пештара фаъолияти хешро дар самти дурӯғу бӯҳтон, кинаву адоват ва манфиатпарастиву ҳасудхӯрӣ идома дода, мехоҳанд ҳаёти осоиштаи мардуми заҳматкашу меҳнатқарини миллати тоҷикро тира созанд.
Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин хулоса омаданд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба андешаи онҳо сабаби ба вуҷуд омадани терроризму экстремизм ин пеш аз ҳама радикализм (тундгароӣ) мебошад, ки ин мантиқан дуруст аст.
Якдилу якмаром бошем!

Худи истилоҳи терроризм, маънои даҳшат афкандан, тарсондан ва ба ин васила фурӯ нишондани душманони сиёсӣ бо роҳи зӯровариро дорад, ки имрӯз ин амалҳо барало ба чашм мерасад ва ба мисоли ин ҳодисаҳои гирдиҳамоии ҷавонони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зери роҳбарии Мамадбоқиров Мамадбоқир, Мамадшоева Улфатхоним, Холбашов Холбаш ва Шерзамонов Алим шуда метавонад, ки нақшаи гирдиҳамоиро дар Хоруғ ва Рушон тарҳрезӣ намуданд.
Сипас, ба аҳли толор навореро, ки чанд рӯзи охир ба воситаи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ намоиш додаанд, пешкаш намуданд, то ки аз кору кирдори ин хоинони Ватан ҳама огоҳ бошанд ва фикру ақидаҳои худро дар бораи амали нангини зархаридони хориҷӣ баён намоянд.
Сармутахассиси КВД «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии Кумита Аҳмадов Пайрав ба минбар баромада, аз номи ҷавонони Кумита дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ чунин ибрози ақида намуд:
Якдилу якмаром бошем!
-Аз воқеаҳои нохуше, ки рӯзҳои охир дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон рух дод, ҳамагон огоҳ ҳастем ва мо ҷавонони зодаи даврони Истиқлол тамоми амалҳои ҷинояткоронаро, ки ба суботу амнияти Ватани азизамон таҳдид мекунад, қотеъона маҳкум менамоем. Аз ҷавонони саодатманди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даъват менамоем, ки вазъиятро ноором насозанд, зеро Бадахшон порае аз қалби Тоҷикистони азиз аст ва мардуми шарифи он зода ва истиқоматкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Боварӣ дорем, ки ҷавонони бофарҳангу баномуси ин сарзамин бо мардонагӣ ва ғурури куҳистонӣ намегузоранд, ки душманону хоинони ин миллат ба мисли Ташкилоти экстремистӣ -террористии Ҳизби наҳзати ислом ва пайравони он бар сари мардуми ин диёр санг партоянд. Якдилӣ ва якпорчагии мардуми тоҷик, аз ҷумла мардонагии ҷавонмардони бадахшонӣ қувваи бузургест, ки ободию озодӣ ва ягонагии миллати тоҷикро ҳифз мекунад.
Мо ҷавонон бояд аз сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, ба дурӯғу фитнаҳои душманон ва хоинон, ба мисли Ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом ва пайравони он бовар накарда, баҳри ободонӣ ва сулҳу суботи Ватани азизамон дар якҷоягӣ камари ҳиммат бандем.
Маҳз ба кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини мо сулҳу ваҳдат пойдор гардидааст. Аз ин ҷост, ки мо Эмомалӣ Раҳмонро меъмори сулҳу ваҳдат ва зиндагии осоишта меномем, ки асло хато нахоҳем кард.
Дар анҷоми ҳамоиш Каримзода А. бори дигар таъкид бар он намуд, ки имрӯз воқеияти зиндагӣ беш аз пеш тақозо менамояд, ки ҳар фарди бонангу номус, ватанхоҳу ватандӯст ва ҳимматбаланду саховатпеша бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талоши худро ба хотири ривоҷу равнақ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон сарф намояд ва ин сарзамини биҳиштосоро боз ҳам маҳбубу машҳур миёни ҷаҳониён гардонад. Мавсуф аз ҳамаи ҷавонони дар толор нишаста даъват намуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, аз гароиш ба ҳар гуна гуруҳу ҳаракатҳои ифротӣ худдорӣ намоянд.
«РБ»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво