23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Вазорати фарҳанг зиёда аз 20 номгӯй китобҳои бачагона ва 3 ҷилди силсилакитоби «Ҳафт ахтар» рӯнамоӣ шуд

199
Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии нашриявии «Адиб» намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр ва маросими рӯнамоии зиёда аз 20 номгӯй китобҳои бачагона ва 3 ҷилди силсилакитоби «Ҳафт ахтар» баргузор гардид, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти «Адиб» дар шафати бинои вазорат баргузор шуд, ки аз он аҳли фарҳанги кишвар, зиёиён, устодону шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва намояндагони ВАО дидан намуданд.

Дар намоиш-фурӯш китобҳои тозаэҷоди нашриёт, аз қабили китобҳои бадеӣ, илмӣ, соҳавӣ ва китобҳои бачагона ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки иштирокчиён бо майлу шавқи беандоза ва бо нархҳои арзону дастрас онҳоро харидорӣ намуданд.

Ҳамзамон маросими рӯнамоии зиёда аз 20 номгӯй китобҳои бачагона ва 3 ҷилди силсилакитоби «Ҳафт ахтар», ки ба тозагӣ дар нашриёти «Адиб» рӯи чоп омадаанд, дар толори вазорат бо иштироки намояндагони ташкилоту идораҳои эҷодӣ, муассисаҳои олии тобеи вазорат ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт доир шуд.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода ба нашр расидани китобҳои бачагона ва 3 ҷилди «Ҳафт ахтар»-ро падидаи беназири даврони соҳибистиқлолии кишвар номида, иброз дошт, ки «имрӯзҳо маҳз бо дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобҳои зиёди адибони классику муосири тоқик чоп мегарданд. Иқдоми наҷиби дигаре, ки роҳандозӣ гардид, ин ба нашр расидани зиёда аз 20 номгӯй адабиёти бачагона ва бори нахуст ба табъ расидани «Ҳафт ахтар» мебошад, ки мояи ифтихору хушҳолист. Нашри ин китобҳо барои тафаккури ҷомеаи имрӯзаи мо саҳми арзанда мегузорад».

АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво