26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳақдод»-и ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии олу барои содирот идома дорад

242
Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳақдод»-и ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии олу барои содирот идома дорадБоғдорони хоҷагии деҳқонии «Ҳақдод»-и ноҳияи Ҷайҳун барои таъмини бозорҳои мамлакат ва содирот ба хориҷи кишвар то имрӯз 15 тонна олу ҷамъоварӣ намуданд. Онҳо давоми ду-се рӯзи оянда зиёда аз 10 тоннаи дигари ин меваро ҷамъ оварда, барои содирот банду баст менамоянд, хабар доданд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Хоҷагии мазкур дар ихтиёри худ 8 гектар замин дорад, ки 7 гектари онро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд. Қисмати асосии ҳосили ин боғот барои содирот ба хориҷи кишвар нигаронида шудааст. Ҳар сол аз боғоти хоҷагии мазкур 60 тонна олуву зардолу ва дигар меваҷот ба хориҷи мамлакат содирот мегардад.

Тибқи иттилои саҳмдорони хоҷагии мазкур, онҳо олуро бо нархи аз 3 то 5 сомонӣ ба соҳибкорон мефурӯшанд ва қисмати боқимондаи онро барои тайёр кардани нӯшоба ва афшура истифода мебаранд.

Соли гузашта аз ин боғ 20 тонна меваи олу ғундоштем, имсол ҳосили он зиёдтар аст, зиёда аз 25 тоннаро ташкил медиҳад, гуфт яке аз саҳмдорони ин хоҷагӣ ва илова кард, имсол дар муқоиса ба соли пешин ҳосили мева фаровон аст.



АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво