9 ноябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таваҷҷуҳ! Таваҷҷуҳ!

927
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳидоят намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба «Соли ҷавонон» эълон намудани соли 2017 ва бахшида ба таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқ ба Нақшаи чорабиниҳои Кумита оид ба омодагӣ ва таҷлили «Соли ҷавонон» баргузории конференсияи
илмию-амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Баланд бардоштани бехатарии сейсмикӣ дар бино ва иншоот» дар моҳи октябри соли 2017 ба нақша гирифтааст.
Дар робита ба ин оиди шарту талаботи конференсияи мазкур ба иштирокчиён пешниҳод карда мешавад.
Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди мақолаҳо то 01 сентябри соли 2017 муқаррар гардидааст.
Мақсади асосии конференсия мубодилаи афкори илмӣ-амалӣ, муайян намудани дурнамои роҳҳои эҷод ва рушди лоиҳакашӣ, муҳокимаи масъалаҳои бехатарии сейсмикӣ дар бино ва иншоот баҳисоб меравад.
Дар ҷумҳурӣ таҷрибаи бузург оид ба гузаронидани муоинаи техникии бино ва иншоотҳои дар натиҷаи зилзила ва хокҳои фурӯнишин зарардида, таҳияи лоиҳаҳо оид ба тақвият ва барқарор намудани биноҳо инчунин, дар таҷриба амалӣ намудани ин лоиҳаҳо ҷамъ гардидаанд. Аён аст, ки таҷрибаи паст кардани хавфи сейсмикии дар ҷумҳурӣ ҷамъшуда, бояд дастоварди доираи васеи мутахассисон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гардида, ин таҷрибаро дар фаъолияти амалии худ татбиқ намоянд.

САМТҲОИ КОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ:
1. Таъмини бехатарии сейсмикӣ дар раванди лоиҳакашӣ.
2. Таъмини бехатарии сейсмикӣ дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва истифодабарии иншоотҳо.

ЗАБОНИ КОРИ КОНФЕРЕНСИЯ: тоҷикӣ, русӣ.

ТАЛАБОТ ОИД БА ТАРТИБИ ОРОИШИ МАВОДҲО:
1. Мавод дар 4-5 саҳифаи пурра (дар варақи сафеди формати А4 бо ҳошияҳои 25 мм аз ҳар тараф) пешниҳод шаванд. Саҳифаҳо рақамбандӣ карда нашаванд. Маводи маърӯзаро бо истифода аз редактори Win Word, бо шрифти Times New Roman, Times New Roman Tj (кегел 14), як фосилагӣ (одинарный интервал) тартиб диҳед. Нусхаи якуми матни чопии мавод аз тарафи ҳамаи муаллифон имзо карда шавад.
Мавод аз рӯйи чунин тартиб омода шаванд: номгӯй, ному насаби муаллифон, номи ташкилот, шарҳ, матни асосӣ, хулосаҳо, номгӯйи адабиёт. Номгӯй бо ҳарфи калон, шрифти ғафс, бефосила аз ҳошияи боло, бе кӯчонидан ба сатри дигар, дар марказ навишта шавад. Баъд аз як сатри холӣ, бо ҳарфҳои калон ному насаби муаллифон бо шрифти ғафс, дар қавсҳои гирд, бо курсив номи ихтисори ташкилот, шаҳр (бо вергул ҷудо намуда, марказонида шавад). Баъдан, матни асосӣ оварда шавад.
2. Нақша, тасвир, диаграммаҳо, схемаҳо бояд дар формати *bmp, *gif, *jpg, *dwg, бо андозаи на кам аз 60x60 мм, боҷобаҷогузории объектҳо аз рӯйи равиши мавод, омода бошанд. Ҷадвалҳо бояд номгӯй дошта бошанд. Дар объектҳои сохташуда зери ҳар расму болои ҷадвалҳо номгӯй ва рақам гузошта мешавад. Ҳар расм ё ҷадвал бояд як интервал аз боло ва поёни матн фосила дошта бошад.
3. Формулаҳо бояд бо курсив навишта шаванд ва бо як интервал аз матни асосӣ марказонида, рақамгузорӣ карда шаванд (агар дар матн истинод дошта бошад). Рақамҳо дар қавсҳои гирд баробар дар тарафи рости ҳошия бояд ҷойгир бошанд. Редактори формулаҳо Microsoft Equation.

ПЕШНИҲОДИ МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯ
Дар нақша аст, ки маводи конференсия бо намуди нусхаи аслӣ дар маҷмуаи мақолаҳо чоп мешаванд. Ҳаҷми мавод бояд то 5 саҳифаи пурра (на камтар аз 2 саҳифа) бошад. Қабули шумо ҳамчун иштирокчии конференсия ва интихоби маърӯзаатон барои ҷойгир намудан дар барномаи конференсия, инчунин нашри саривақтии мавод метавонед матни маърузаатонро то санаи
01 сентябри соли 2017 бо суроғаи электронии Кумитаи тадорукот - E-mail: niisa.tj@mail.ru ирсол намоед.

ШАКЛИ БАҚАЙДГИРИИ ИШТИРОКЧИЁН
Ҳамаи мавод бо файлҳои алоҳида ба суроғаи электронии Кумитаи тадорукот E-mail: niisa.tj@mail.ru ба қайд гирифта мешаванд.
Кумитаи тадорукот ҳуқуқи таҳрир ва тафтиш кардани маводи пешниҳодшударо дорад.
Телефонҳо барои тамос: 227-77-60; 223-02-00; 221-41-37.

МАЪЛУМОТИ ИШТИРОКЧИЁН:
1. Маърӯза, ахборот, презентатсия (дар зери лозимиаш хат кашед).
2. Воситаҳои техникӣ: плакатҳо, слайдҳо, проектори мултимедиявӣ, стендҳо, компютер (дар зери лозимиаш хат кашед).
3. Матни маърӯза, расмҳо ё рекламаҳоро ба CD- дискҳо сабт карда, бо шакли зайл рӯйнавис намоед: ном ва насаби муаллифон, номи мақола.
4. Маводе, ки мувофиқи талабот омода нашудаанд, ба мавзӯи конференсия мувофиқ нестанд ё ба кумитаи тадорукот дер ирсол шудаанд, барои чоп тавсия намешаванд.
5. Маводи чопшудаи конференсия пеш аз саршавии конференсия ба иштирокчиён пешниҳод карда мешавад.

МАЪЛУМОТ ОИД БА ИШТИРОКЧИЁН:

Ному насаб___________________________________________________
Номи ташкилот_______________________________________________
Суроға_______________________________________________________
Телефон______________________________________________________
E-mail _______________________________________________________
Номи маърӯза________________________________________________




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво