29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

САЙЁҲОН БЕШТАР БА АРМАНИСТОН, ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ МАРОҚ ЗОҲИР МЕКУНАНД. OneTwoTrip дар бораи самтҳои машҳуре, ки русҳо дар фасли баҳор интихоб кардаанд, гузориш дод

241
САЙЁҲОН БЕШТАР БА АРМАНИСТОН, ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ МАРОҚ ЗОҲИР МЕКУНАНД. OneTwoTrip дар бораи самтҳои машҳуре, ки русҳо дар фасли баҳор интихоб кардаанд, гузориш додТибқи маълумоти ширкат, миёни кишварҳои хориҷӣ Арманистон, Туркия ва Тоҷикистон бештар аз ҳама барои сайёҳони рус маҳбубият пайдо кардаанд. Дар баробари ин талабот ба парвоз ба Арманистон қариб 37 фоиз кам шуда, ба Туркия 11 фоиз афзуд. Нархи миёнаи чиптаи парвоз ба хориҷа дар фасли баҳор барои як нафар ба як тараф 25 000 рублро ташкил дод. Дар ин бора дар натиҷаҳои пажӯҳиши хадамоти банақшагирии сафарҳои OneTwoTrip оварда шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Матбуоти Русия ҳамчунин навиштаанд, ки Тоҷикистон ва Узбекистон ду кишваре мебошанд, ки бо таърихи қадимӣ пайвандгари Роҳи бузурги абрешиманд. Онҳо дар чорроҳаи роҳи тиҷорати ҷаҳонӣ ҷойгир буда, аз замонҳои қадим таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб намудаанд.

Қаблан дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки дар кишвари мо кадом намуди сайёҳӣ бештар миёни сайёҳон маъруф аст. Тоҷикистон кишвари кӯҳистон буда, баландтарин қуллаҳои ИДМ дар он воқеъанд, аз ин рӯ миёни сайёҳон туризми кӯҳӣ махсусан маъмул буда, табиати зебои кишвар ҳаводорони эко-туризмро бештар ба худ ҷалб мекунад.

Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихию фарҳангӣ буда, туризми фарҳангию маърифатӣ дар он бештар рушд менамояд. Шаҳрҳои таърихию қадимӣ, бозёфтҳои бостоншиносон, санъати сангии ниёгон, расму русум ва ҳунарҳои мардумӣ барои сайёҳону донандагони таърих мароқовар буда, арзиши таърихӣ доранд», — гуфтанд дар Кумита.

Ба гуфтаи намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, сарвати дигари ҷумҳурии мо-олами ҳайвонот аст, ки ба шарофати он дар ин ҷо метавон шикори сайёҳиро истифода кард. Захираҳои обии кишвар имкон медиҳанд, ки рафтинг (як намуди варзиши экстремалӣ) рушд дода шавад.

Дар маҷмӯъ, шароити иқлимии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар ин ҷо тамоми намудҳои сайёҳӣ, ки имруз ҳукумат барои он кӯшиш дорад, инкишоф дода шаванд. Иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ ба рушди сайёҳӣ дар кишвар таъсири мусбат мерасонад.

“Иштироки ҷумҳурии мо чандин сол паиҳам дар Намоишгоҳи байналмилалии ITB — Берлин ба он мусоидат кард, ки солҳои охир шумораи сайёҳони олмоние, ки аз мамлакати мо дидан намуданд, хеле зиёд шуд.

Ин далели он аст, ки иштирок дар чунин чорабиниҳо ба рушди минбаъдаи сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшида, ба ҷалби меҳмонони хориҷӣ мусоидат менамояд», — гуфтанд дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво