Арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ
1035
«Ваҳдати миллӣ — арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ» — таҳти чунин унвон дирӯз бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд, муовини аввали Вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев доир ба арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, бахусус Ваҳдати миллӣ изҳори ақида намуд. Мавсуф аз хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани сулҳу Ваҳдат ва посдориву нигоҳ доштани он ёдовар шуда, ваҳдати миллии тоҷиконро ҳодисаи бемисли таърихӣ номид. вахдати милли- вазорати маорифСармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм Раҷабалӣ Сангов аз нақши Ваҳдати миллӣ дар устувории Истиқлолияти давлат андешаронӣ кард. Вай афзуд, ки ваҳдат ва созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷодаи имрӯзу фардои кишварро мунаввар карданд. Пас аз шаш марҳалаи ба даст омадани сулҳу ваҳдат Тоҷикистон тавонист ба сӯйи ободкориҳо ва сулҳу ваҳдати сартосарӣ ноил гардад. Маърӯзаи ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Тоҷиддин Асомуддинзода ба масъалаи ҳифз ва таъмини Ваҳдати миллӣ дар шароити гуногунандешӣ иртибот дошт. Мавсуф таъкид кард, ки дар замони ба ҳам омадани ақидаҳо ва рушди фарҳангҳо бояд андешаи миллӣ, ки ҳадафаш созандагист, мавқеи намоён дошта бошад. Дар ҷамъомад ҳамчунин иштирокдорон атрофи мавзӯъҳои фалсафаи ваҳдат ва адабиёти миллии тоҷик, Ваҳдати миллӣ – бозёфти арзишма
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |