28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шараф Шерализода бо ҳайати Агентии рушди байналмилалии Ҷопон мулоқот намуд

136
Шараф Шерализода бо ҳайати Агентии рушди байналмилалии Ҷопон мулоқот намуд23 май муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо ҳайати Агентии рушди байналмилалии Ҷопон (JICA) таҳти роҳбарии муовини мудири кулли Департаменти кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шарқӣ ва Қафқози Агентӣ Танабе Ҳидеки вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба сатҳи кунунии равобит дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва имконияти густариши баъдии он табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 4 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷопон бо Роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Синичи Китаока мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони мулоқоти навбатӣ барои баррасии дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ изҳори хушнудӣ карданд

«Ҷопон яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва мо ба рушду тавсеаи равобити ҳамкорӣ бо он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем»,- таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар мулоқот Президенти мамлакат саҳми Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA)-ро дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо махсус таъкид доштанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, мутобиқсозии стратегияҳои дуҷониба барои татбиқи ҳадафҳои афзалиятноки соҳаҳои гуногун, бахусус се самти асосӣ — расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон табодули андеша карданд.

Дар доираи муносиботи дуҷониба рушди робитаҳои ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ, молиявӣ, техникӣ ва гуманитарӣ, татбиқи лоиҳаҳои махсус, ҷалби сармояи японӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, таъсиси Фонди сармоягузории Ҷопон ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок муҳим арзёбӣ гардид.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво