12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи сайёҳӣ дар Тошканд баррасӣ шуд

307
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ бо кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ тақвият мебахшад. Дар доираи баргузории «Вохӯрии роҳбарони маъмурияти сайёҳии давлатҳои узви СҲШ» ва Форуми байналмилалии сайёҳӣ дар мавзӯи «Марҳилаи нави ҳамкории давлатҳои узви СҲШ: сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ», ки чанде пеш дар Тошканд доир гардид, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо роҳбарони идораҳои сайёҳии кишварҳои СҲШ мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории сайёҳиро баррасӣ намуд.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Тоҷиддин Ҷӯразода бо муовини Сарвазир – Вазири сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Узбекистон Азиз Абдуҳакимов мулоқот намуда, масъалаи дурнамои рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо мақсади тавсеаи минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судмандро муҳокима намуданд. Ҳамчунин вобаста ба татбиқи босамари беш аз 40 санади ҳамкории имзошуда дар доираи баргузории Форуми саёҳативу тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбекистон, ки чанде қабл бо иштироки ширкатҳои сайёҳии ду кишвар дар шаҳри Хуҷанд–маркази маъмурии вилояти Суғд доир шуд, таъкид гардид. Дар робита ба ин ба роҳ мондани ҳамкории самараноки ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон аз нигоҳи иқтисодӣ барои ҳарду кишвар манфиатовар арзёбӣ гардид.

Дар вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо роҳбари Агентии Федеролии Русия оид ба туризм (РОСТУРИЗМ) хонум Зарина Догузова атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт. Зимни суҳбат ҳамчунин ба масъалаи созишномаи амалкунанда, ки ба таҳкими муносибатҳо дар ин соҳа нигаронида шудааст, дахл карда шуд. Инчунин барои таҳкими ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии Федератсияи Русия инфо-турҳо ташкил гардида, дар он роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар роҳандозӣ карда мешаванд.

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бахши сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва масъули Вазорати туризми ин кишвар дар корҳои СҲШ Ракеш Кумар баррасӣ гардид. Мусоҳибон барои ҷалби сайёҳони ду кишвар баргузории чорабиниҳои иттилоотию таблиғотӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Ҳиндустонро мувофиқи мақсад шумориданд.

Баҳри густариши муносибатҳо дар соҳаи сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон вохӯрии Раиси Кумита бо Вазири федералии ҳамоҳангсозии байниминтақавии ин кишвар Эҳсанур Реҳман Мазарӣ баргузор гардида, атрофи вусъати минбаъдаи ҳамкорӣ миёни муассисаҳои сайёҳии ду кишвар, осон намудани расмияти сайёҳӣ ва мубодилаи сайёҳӣ миёни ду давлат табодули афкор сурат гирифт.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи вохӯрии роҳбарони маъмурияти сайёҳии давлатҳои узви СҲШ ва Форуми байналмилалии сайёҳӣ вохӯрии Тоҷиддин Ҷӯразода бо Вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон доир шуда, истифодаи беҳтарин таҷрибаҳо оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии кишвар дар самти хизматрасонӣ ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрии роҳбарони маъмурияти сайёҳии давлатҳои узви СҲШ роҳбарони маъмурияти сайёҳии давлатҳои узви СҲШ масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар давраи пас аз пандемия, ташаккул ва пешбурди бренди ягонаи сайёҳии СҲШ-ро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин дар бораи таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва дурнамои хатсайрҳои мавҷуда аз нигоҳи сайёҳии бехатар, тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба дар рушди инфрасохтори гардишгарӣ мувофиқа ҳосил шуд.

Дар нишаст роҳбарони соҳаи сайёҳии давлатҳои узви СҲШ лоиҳаи созишномаи байни ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ-ро оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мувофиқа карданд. Қарор шуд, ки санад ба кишварҳои аъзо барои гузаштани расмиёти дохилии давлатӣ ирсол гардад. Инчунин дар ҳошияи вохӯрӣ Форуми байналмилалии сайёҳӣ дар мавзӯи «Марҳилаи нави ҳамкории давлатҳои узви СҲШ: сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ» баргузор гардид. Дар кори чорабиниҳо намояндаи Тоҷикистон оид ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ, густариши робитаи иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ сухан гуфт ва ба ин васила муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистонро дар давлатҳои узви СҲШ таъкид намуд.

Барномаҳои мазкур яке аз платформаҳои муҳим барои таҳкими ҳамкорӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар маҳсуб мешаванд. Роҳбарону намояндагони идораҳои сайёҳии кишварҳои СҲШ аз мавзеъҳои сайёҳии фарҳангии шаҳри Тошканд, бахусус осорхонаи ҳунарҳои мардумии Тошканд боздид намуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво