БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон 34 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ва 50 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд мегарданд![]() ![]() Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон гуфтанд, ки нақшаи чорабиниҳои мазкур бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 таҳия шуда, дар доираи он дар ноҳия 34 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, 50 иншооти соҳаи тандурустӣ, 46 иншооти соҳаи маориф, 10 иншооти фарҳангӣ, 20 иншооти соҳаи варзиш, 23 иншооти соҳаи кишоварзӣ, 30 иншооти соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 142 иншооти хизматрасонию савдо ва 52 иншооти дигар бунёд мегарданд. Ёдовар мешавем, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ 372 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |