18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бунёдкориҳои «Лоиқ»

1555
Бинои чорошёнаи хобгоҳи коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чандин сол боз аз сабаби таъмирталаб будан истифода намешуд. Солҳои баъдӣ маъмурияти коллеҷ қабати 2-юм ва чоруми биноро андаке навсозӣ карда, чун синфҳои таълимӣ истифода мебурд. Имрӯз аз сабаби дигар шудани шароиту талаботҳои таълим синфхонаҳо намерасанд. Аз ин рӯ, маъмурияти коллеҷ ба чунин хулоса омад, ки қабати сеюми бинои хобгоҳро низ навсозӣ карда, ба синфҳои таълимӣ табдил диҳад. Ба ҳамин хотир байни сохтмончиён озмун эълон карданд. Дар озмун чандин ташкилоти сохтмонӣ довталабӣ намуданд. ҶДММ «Лоиқ» низ дар озмун иштирок дошт. Шарту шароит ва маблағи барои иҷрои кор пешниҳоднамудаи «Лоиқ» ба маъмурияти коллеҷи омор писанд омад. Ба ҷуз ин ташкилоти сохтмонии номбурда барои роҳбарияти муассисаи таълимӣ ошно буд. Ин ташкилот солҳост, ки ба бунёдкорию созандагӣ машғул буда, сифату суръати коргарони он ба ҳама писанд аст. Аз ин хотир маъмурияти коллеҷ барои навсозию таъмири бино ҶДММ «Лоиқ»-ро пазируфт. Бинокорони ташкилоти сохтмонӣ имрӯз дар ин ҷо ба кандану аз нав ҷо ба ҷо кардани деворҳои дохилӣ, андоваю рангубори синфхонаҳои нав ва дигар нуқтаҳои маишии он машғуланд.

Бунёдкориҳои «Лоиқ»

ҶДММ «Лоиқ»-ро шахси меҳнатдӯсту инсони шариф сохтмончии асил Абдулоиқ Саидов роҳбарӣ мекунад. Ба қавле ӯ модарзод бинокор аст. Ў зодаи деҳаи зебоманзари Қипчоқи шаҳри Ваҳдат аст. Баъди хатми мактби миёнаи деҳа Абдулоиқ шомили техникуми сохтмони шаҳри Душанбе гардида, дар давраи таҳсил аз нозукиҳои меъморию сохтмон дақиқтар огоҳ гашт. Касби сохтмончиро омӯхт. Вақте ки соли 1979 бо дипломи сохтмончӣ ба зодгоҳаш баргашт, ӯро дар колоннаи махсуси сайёри сохтмонии рақами 26 ба сифати андовагар ба кор қабул карданд. Фаъолияти меҳнатии Абдулоиқ аз андовагар шуруъ гардид.

- Андоваи деворҳои таҳхонаи бинои ҳозираи «Телеком»-ро ман кардаам, - мегӯяд Абдулоиқ.
Ҳамин тавр ӯ ба кор бо дили гарм часпид. Ҳунармандию меҳнатдӯстии ӯ аз чашми роҳбарон пинҳон намонд. Баъди чанде усто таъинаш карда, дар ихтиёраш 30 нафар коргарро доданд. Дар ноҳияи Файзобод барои коргарони фабрикаи паррандапарварӣ хонаҳои истиқоматӣ ва боз фабрикаи мурғи марҷон сохта мешуд. Абдулоиқ Саидовро барои иҷрои ин корҳо ба деҳаи Лолагии ноҳияи Файзобод фиристоданд. Бо дастони гулофари сохтмончиёни устои моҳир Абдулоиқ Саидов дар як муддати кутоҳе беш аз нисфи хонаҳои истиқоматии зебою босифати шаҳраки нави мурғпарварон қомат рост карданд. Ҳамин тавр фаъолияти бинокории ӯ маҷрои худро гирифт. Бо дастони коргарони бригадаи усто Абдулоиқ Саидов бино аз паси бино қомат рост мекард. Устои бригада бошад, барои баланд бардоштани донишу маҳорати касбии худ соли 1982 ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғоибона дохил шуда, онро соли 1988 хатм намуд.

Аз Абдулоиқ Саидов хоҳиш кардам, ки аз соли 1979 то имрӯз ҳамаи он биною иншооте, ки дар бунёди он ҳисса гузоштааст, метавонад ба ёд оварда, номбар кунад. Баъди каме андеша ба номбар кардани онҳо шуруъ кард: бинои раёсати кишоварзӣ, дарвозаи бозори маҳаллаи Стансия, бинои мактаби миёнаи №139, фабрикаи паррандапарварӣ ва хонаи 4-ошёнаи 70-ҳуҷрадор дар шаҳраки Наврӯз, бинои хизматрасонии «Гарант» ва хонаҳои истиқоматии шаҳраки совхози боғу токпарварии шаҳри Ваҳдат, хонаҳои истиқоматӣ ва фабрикаи мурғи марҷони деҳаи Кабкрез, хонаи чорошёнаи 32-ҳуҷрадор дар маркази ноҳияи Файзобод, мактабҳои деҳаҳои Қулободу Файзобод, Мискинобод, Муъминободи ноҳияи Файзобод, мактабҳо бо усули финӣ дар деҳаҳои Самсолиқ, Чилдара, хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳраки нави ноҳияи Нуробод, қасри фарҳанг дар ноҳияи Рашт.

- Соли 1984 баъди заминларзаи шадид дар ноҳияи Ҷиргатол хонаҳои истиқоматӣ бисёр хароб гардиданд, - ба ёд овард Абдулоиқ Саидов. – Маро ҳамроҳи 22 нафар сохтмончиён ба он ҷо фиристоданд. Бо дастони мо хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаҳои Девона, Қалъаи Замкон, Ҷултера, Майдонтера ва атрофи фурӯдгоҳи ноҳия аз нав барқарор карда шуд.

Баъди ёдварӣ кардани саҳмаш дар барқароркунии хонаҳои аз заминларза харобгаштаи Ҷиргатол ӯ рӯихаташро боз идома дод: сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагони заминларзаи деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор, заводи шишаи шаҳри Турсунзода, бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳраки Фахробод, барқароркунии хонаҳои истиқоматии аз ҷанги шаҳрвандӣ харобгаштаи сокинони совхоз-техникуми Қурғонтеппа ва сохтмони боғчаи кӯдакон, рангубори ошёнаҳои 5–9-уми маркази диагностикии шаҳри Душанбе (солҳои 1990-1999)…

Бунёдкориҳои «Лоиқ»

Рӯихатро давом доданӣ буд. Ўро ба дигар савол ҷалб кардам.

- Ташкилоти сохтмонии худро кай таъсис додед ва бо дастони коргарони он чи бунёдкориҳое анҷом дода шудаанд? – пурсидам аз Абдулоиқ.
- Ҳангоми дар муассисаи хурди давлатии сохтмонии рақами 2 кор кардан, соли 1995 ҳуҷраеро аз он иҷора гирифта, ширкати сохтмонии «Лоиқ»-ро таъсис додам. Соли 1997, баъди барҳам хурдани ташкилоти сохтмонии рақами 2 фаъолияти ширкатамро васеъ карда, онро ба ҶДММ «Лоиқ» табдил додам.
Ширкати сохтмонии «Лоиқ» корро аз таъмири хонаҳои мардум ва дастрас кардани масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли сементблок ва дару тиреза шуруъ намуд. Баъди аз даҳон ба даҳон гузаштани овозаи сифати корҳои ширкат фармоишгарон низ зиёд шудан гирифтанду корҳои калонтар пеш омад. Соли 1997 бинокорони ширкатро ба таъмири биноҳои осоишгоҳи Академияи илмҳо, воқеъ дар шаҳраки Яккатол даъват карданд. Сипас дар таъмири осоишгоҳи кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф, мактабҳои рақамҳои 16, 32, 61, 62, 74, воқеъ дар дараи Ромит, саҳми худро гузошт. Баъди кашмокашҳои ҷанги шаҳрвандӣ бинокорони ширкати сохтмонӣ ба анҷом додани сохтмони нимкорамондаи мактаби нави деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистон барои 1176 нафар хонанда камар бастанд. Ҳамин тавр, бинокорони ҶДММ «Лоиқ» дар бунёд ва таъмиру тармими мактабҳои рақами 139, 54, мактаби деҳаи Бузбит, хонаҳои истиқоматии деҳаҳои Тангаӣ, Калон ва бӯстосаройҳо нақши калоне доранд.

Коргарони ҶДММ «Лоиқ» имрӯз дар ду иншоот ба корҳои таъмиру азнавсозӣ ва бунёдкорӣ машғуланд. Яке бинои собиқ хобгоҳи коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дигаре бинои маркази тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Коргарон дар коллеҷ ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ ва дар маркази тестӣ бошад, 70 ҳазор сомонӣ корҳои азнавсозӣ ва бунёдкориро анҷом дода истодаанд.

Дар ин байн Абдулоиқ Саидов чанд муддате сардории Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмонии шаҳри Ваҳдатро низ ба уҳда дошт. Вале фаъолияти ҶДММ дар ин давра боздошта нашуд. Он ҳамоно ба бинокорӣ машғул шуда, дар ободу зебо гардидани диёр саҳми арзанда гузошт. Чунки сарвари он Абдулоиқ Саидов сидқан сохтмончии асил аст. Дар ташкилот низ коргарони соҳибҳунару меҳнатдӯст ҷамъ омадаанд, ки ҳар як фармоишро аз рӯи масъулияту виҷдон бо сифати баланд анҷом медиҳанд. Маоши хуб мегиранд.

Сарвари ташкилот акаи Абдулоиқ нақшаҳои наве дорад. Дар озмунҳои Бонки умумиҷаҳонӣ иштирок карда, мехоҳад ба корҳои сохтмону бунёдкориҳои бузургтаре даст занад.

Дар ин рӯзҳои иди касбии сохтмончиён ба Абдулоиқ Саидов ва коргарони гусдасти ӯ барори кору бунёдкориҳои нав ба навро таманно менамоем.

А. ЗАБИР.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво