Корҳои бунёдӣ дар майдончаи варзишии маҳаллаи №92-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе босуръат идома доранд
835
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони пойтахт, ки 15 феврали соли 2017 доир гардида буд, дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ҷараёни корҳои навсозӣ ва ободонии боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, майдонҳои варзишию солимгардонӣ барои бозии кӯдакону наврасон вусъат меёбанд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва соҳибкорони ватанӣ то охири соли равон дар қаламрави пойтахт иловатан 78 адад майдончаҳои муосири варзишию солимгардонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Айни замон дар иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ бо ҷалби кормандони соҳибтаҷрибаи бахши сохтмон ва меъморӣ идома доранд. Аз ҷумла, дар қисмати ғарбии шаҳраки №92 -и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чунин як майдончаи варзишию солимгардонӣ бунёд мегардад. Иншооти мазкур аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи мазкур бунёд гардида, 70% -и корҳои сохтмонии он ба итмом расонида шудааст. Лоиҳаи сохтмони ин майдончаи варзиширо кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» тарҳрезӣ намудаанд, ки он аз майдончаҳои гуногун барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва майдони солимгардонӣ барои кӯдакону наврасон иборат аст. Ҳамчунин мувофиқи лоиҳа бунёди ҷойи нишаст дар атрофи мавзеъҳои истироҳатӣ ва дар майдончаи варзишӣ пешбинӣ шудааст. Масоҳати умумии майдончаи варзишию солимгардонӣ 1190 метри мураббаъро ташкил дода, атрофи он пурра сабзкорӣ мегардад. Дар майдончаи мазкур корҳои омодагӣ барои шинонидани дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ оғоз гардида, дар ин қисмат насбу васли хатҳои обёрӣ низ босуръат идома доранд. Сохтмончиён талош доранд дар кӯтоҳтарин муҳлат корҳои сохтмониро ба анҷом расонида, майдончаро ба истифода диҳанд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |