20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Бадахшон. Фирефтаи ахбори расонаҳои иғвоангез нашавем!», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

178
«Бадахшон. Фирефтаи ахбори расонаҳои иғвоангез нашавем!», — шарҳи матбуоти даврии ТоҷикистонНашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи №93 (24 452), чоршанбе, 18 майи соли равон таҳти сарлавҳаи «Бадахшон. Фирефтаи ахбори расонаҳои иғвоангез нашавем!», «Экстремизм ва терроризм. Ҷаҳолат ба одамон танҳо бадбахтӣ меорад» ва зери рубрикаи «Тоҷикистон» хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат нашр намудааст.

Муаллифи маводи «Бадахшон. Фирефтаи ахбори расонаҳои иғвоангез нашавем!» Маҳмуд Мирзоён чунин нигоштааст: «Воқеан, таассуфовар аст, ки дар шароити ҳассоси амнияти минтақа ва авзои нигаронкунандаи кишварҳои ҳамсоя, бавижа Афғонистон, ки бо ВМКБ марзи тӯлонӣ дорад, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш амну субот ва ҳаёти осоиштаи ҷомеаро халалдор мекунанд. Тамошои чанд акс ва навор дар интернет нишон дод, ки тазоҳуротгарон аксаран ҷавононанд. Аз ин бармеояд, ки ин гурӯҳи ноогоҳ таҳти таъсири доираҳои фурсатталаби ҷиноятӣ қарор гирифта, вазъияти амниятро дар маркази вилоят осебпазир кардаанд. Гузашта аст ин, баъзе расонаҳо аз ин фурсат истифода бурда, ба ҷои он ки мардумро ба иттиҳод даъват намоянд, баръакс бо пахши иттилои носанҷида ва бо такя ба манбаъҳои номуътамад сокинонро ба гумроҳӣ мебаранд…». Хонанда имкон дорад, ки давоми матлабро аз ин шумора мутолиа намояд.

Ҳамчунин дар ин шумора хонанда метавонад аз рубрикаи «Ҷаҳон» ва «Ҷаҳон дар як сатр» аз навигариҳои дунё бохабар гардад.

Инунин дар ин шумора матлабҳои гуногун доир ба мавзӯъҳои муҳими рӯз мавриди таҳлил қарор дода шуда, пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

«Як рӯзи баҳор-пур кунад анбор»-чунин ном дорад матлаби рӯзноманигори ин нашрия, ки дар он талошу кӯшишҳои деҳқонони ҶСК ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати парвариши зироат, сабзавоту пахта ва мева инъикос гардидаанд. Дар матлаби «Судҳои иқтисодӣ. Ҳифзи ҳуқуқ дар меҳвари фаъолият» вазъи ҳуқуқии судҳои иқтисодӣ дар кишвар ва оид ба мақсади асосии судҳои иқтисодӣ, ки устуворгардонии қонуният ва адолат дар соҳаи соҳбкорӣ ва дигар фаъолияти хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташаккули эҳтиром нисбат ба қонуният ва таъмини фаъолияти давлати ҳуқуқбунёд мебошад, дарҷ гардидааст.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» рӯзи сешанбе, 17 май №59 (4479) таҳти унвони «Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия» оид ба сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки Пешвои миллат дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мавод ба нашр расонидааст. Дар ин матлаб зикр гардидааст, ки дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар ташкилоти минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардидааст.

Дар саҳифаҳои дигари ин шумора хонанда имкон дорад дар бораи комёбиҳои ноҳияи Сангвор дар самти кишоварзӣ, манфиатҳои субъектҳои соҳибкорӣ дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, андар баёни тарбия ва маърифат ва дониши экологӣ мутолиа намоянд.

«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №21 (20354), 18 майи соли равон хабару гузоришҳоро аз ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия, оид ба 30-солагии СААД ҳамчун созмони пуриқтидор, инчунин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Туркманистон нашр намудааст.

Инчунин дар ин шумора хонанда метавонад хабару гузоришҳои омоданамудаи рӯзноманигори ин нашрияро дар самти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию варзишӣ мутолиа намояд.

«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №19 (1365), чоршанбе, 8 майи соли 2022 дар баробари дигар нашрияҳо ҷараёни сафари кории Пешвои миллат ба Федератсияи Русияро инъикос намудааст. Инчунин дар ин шумораи рӯзнома хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ ва дигар маводи ҷолиб ба нашр расидааст. Аз ҷумла, метавон аз маводи «Полки ҷовидон», «КИ ҲХД Шамсиддини Шоҳин. Аз саломи самимӣ то каломи камбудӣ», «Ян Гуанбин: «Ҷаҳон дар пешорӯи тағйироти бунёдӣ» маълумот пайдо намуд.

«Қонун ва ҷомеа»- ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №9 (679), 19 майи соли равон чун дигар нашрияҳои кишвар аз ҳаводису воқеаҳои тӯли ҳафта дар ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайваста хабару маводи хонданӣ ба табъ расонидааст. Аз ҷумла, дар маводи «Зиёиён- захираи тиллоии миллат», ки дар партави вохӯрии Пешвои миллат бо олимони кишвар навишта шудааст, муаллифи он сардори Академияи ВКД ҶТ Файзалӣ Шарифзода нигоштааст, ки «зиёиён ҳамчун неруи фаъолу тавонои ҷомеа метавонанд дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши басо арзишманд гузоранд ва манфиатҳои милливу давлатиро содиқона ҳифз намоянд…». Хонанда имкон дорад, ки давоми ин ва дигар матлабҳои хондании дигарро аз ин шумора мутолиа намояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво