4 декабр 2022, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Созишнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи «Норак», марҳилаи II ба имзо расид

61
Дар Душанбе Созишнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи «Норак», марҳилаи II ба имзо расидДар шаҳри Душанбе маросими имзои Созишнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», марҳилаи II миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, инчунин Созишномаи лоиҳавӣ (Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», марҳилаи II) миёни Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва ШСХК «Барқи Тоҷик» баргузор гардид, иттилоъ доданд дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».

Созишнома оид ба маблағгузориро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Созишномаи лоиҳавиро Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» – Маҳмадумар Асозода ва аз тарафи Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд Озан Севимлӣ – Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба имзо расониданд, ки маблағи он 65,0 миллион доллари амрикоӣ (маблағи грантӣ)-ро ташкил медиҳад.
Муҳлати умумии татбиқи лоиҳа 10 солро ташкил дода, бо дарназардошти дастрасии маблағҳо лоиҳа дар ду марҳила амалӣ мешавад.

Марҳилаи якуми лоиҳа аз 3 қисм — иваз намудани 3 адад агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, иваз намудани автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформатори якфазаи 220/500кВ) ва таъмини бехатарии садд иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ гардидааст. Дар маҷмӯъ, то имрӯз барои маблағгузории марҳилаи якуми лоиҳа 326,9 миллион доллари амрикоӣ ҷалб гардидааст, ки аз он 169,1 млн доллар – қарз ва 57,8 млн доллар гранти Бонки ҷаҳонӣ, 60 миллион доллар қарзи Бонки Осиёии Сармоягзориҳои Инфрасохторӣ ва 40 миллион доллар қарзи Бонки Авруосиёии Рушд мебошад.

Марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таъмири асосии қисмҳои обгузари гидротурбинаҳо, иваз намудани трансформаторҳои баландкунандаи шиддат, иваз намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 6 кВ дар толори мошинҳо ва механизмҳои борбардор бо тавоноии 360 тонна ва дигар таҷҳизоти зарурии ёрирасонро дар бар гирифта, давоми 5 сол (то соли 2028) татбиқ мешавад.

То имрӯз барои марҳилаи мазкур 50,0 млн доллари амрикоӣ грант пешниҳод гардида, созишномаи молиявӣ ба имзо расидааст.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво