25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд

182
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд17 май мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) Порнчай Данвиватана баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба масоили ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Муколамаи ҳамкории Осиё, инчунин дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Муколамаи ҳамкории Осиё ҳамоиши минтақавии кишварҳои Осиё мебошад, ки ҷонибдорони принсипҳои баробарӣ, эҳтироми мутақобила, ҳамкории мутақобилан судманд ва сиёсати некхоҳонаро бо ҳам гирд меорад.

Кишварҳои узви ин ҳамоиш баҳри барпо намудани Осиёи нав саъю талош менамоянд, ки дар он сулҳи пойдор, субот ва шукуфоӣ ҳукмфармо бошад. Ғояи «Муколамаи ҳамкории Осиё» аз ҷониби Шоҳигарии Таиланд дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ (АСЕАН) моҳи феврали соли 2002 пешниҳод гардида буд. Мақсади асосии он – ба вуҷуд овардани афзори нави ҳамкории байниминтақавӣ буд, ки тавонад мисли пул миёни ҳамоишҳои дигари минтақавии Осиё хизмат кунад ва дар оянда сохтори асосии ҳамкории умумиосиёгӣ бошад.

Дар айни ҳол Муколамаи ҳамкории Осиё 32 кишвари қитъаи Осиё — Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Бангладеш, Баҳрайн, Бруней-Дорулассалом, Бутан, Ветнам, Ҳиндустон, Индонезия, Камбоҷа, Қазоқистон, Қирғизистон, Корея, Кувайт, Қатар, Русия, Малайзия, Муғулистон, Мянма, Чин, Лаос, Покистон, Сингапур, Тоҷикистон, Таиланд, Шри-Ланка, Уммон, Узбекистон, Филиппин ва Японияро гирди ҳам овардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 5-уми вазирони корҳои хориҷии МҲО 5 июни соли 2006 дар Қатар ба узвияти МҲО қабул гардида буд.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво