19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Миёни иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон ва Беларус Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

210
Миёни иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон ва Беларус Ёддошти тафоҳум ба имзо расидМиёни Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Беларус Ёдошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода ва раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Беларус Татяна Якубович зимни имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ иброз доштанд, ки мардумони Тоҷикистон ва Беларусро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд. Бо шарофати талошҳои муштараки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко муносибатҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромадааст.

Ҷонибҳо зимни имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ омодагии худро барои таҳкими ҳамкории иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм изҳор доштанд. Чунин омодагӣ ҳамзамон барои ба роҳ мондани робитаи зичу пурсамар миёни Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ду кишвар таъкид шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими соҳаҳои иттифоқи касаба, маориф, ҳамкории муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардиданд.

АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво