28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе вохӯрии минтақавии шарикони низоми маориф ва иттифоқҳои касаба гузаронида шуд

87
Дар Душанбе вохӯрии минтақавии шарикони низоми маориф ва иттифоқҳои касаба гузаронида шудИмрӯз дар Душанбе вохӯрии минтақавии шарикони «Системаи маориф ва иттифоқҳои касаба дар мамлакатҳои рӯ ба тараққии Осиёи Марказӣ: мушкилоти асосӣ ва ҳалли онҳо» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Дар кори он меҳмонон аз хориҷи кишвар, роҳбарони бархе ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касаба, фаъолони ҳаракати иттифоқи касаба, намояндагони ниҳодҳои дахлдор ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.​

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар ҳамоиш иброз дошт, ки «масъалаи маориф рукни муҳими сиёсати давлат буда, ҳолат, рушд, натиҷа ва фаъолияти он аз омилҳои зиёд вобаста мебошад. Он метавонад пешрафти босуботи давлат ва миллатро таъмин намуда, масъалаҳоро марбут ба ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ҳал намояд. Аз ин рӯ, давлату ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро муттасил идома медиҳанд».

Зикр шуд, ки бо ҳидояти Сарвари давлат маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои ислоҳоту рушди он аз рӯзҳои аввали истиқлол пайваста ғамхории хосса зоҳир гардид. Бо итминон метавон гуфт, ки роҳбарону фаъолон ва аъзои иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити шоистаи кор ва зиндагӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан рушди соҳаи калидии ҷомеа- соҳаи маориф ва илм содиқона хизмат мекунанд.

Дар муколамаи масъалаҳо муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода, намояндаи Egitim-Bir-Sen Селви Латиф ва ҳамчунин раиси ИККМИ Ҷумҳурии Беларус Татяна Якубович ва раиси ИККМИ Ҷумҳурии Қазоқистон Айгул Мукашева ширкат варзиданд.

Акс: ФИКМТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво