25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Барномаи шуъбаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ҳамкориро баррасӣ карданд

129
Тоҷикистон ва Барномаи шуъбаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ҳамкориро баррасӣ карданд16 май Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбари Барномаи шуъбаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) дар Вашингтон Тереза Грентхем вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохурӣ ҷонибҳо дар бораи самтҳои фаъолияти Агентӣ ва вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, инчунин оид ба ҳамкории судманди дуҷониба дар самти мубориза, назорат ва пешгирии нашъамандӣ ибрози назар намуданд.

Дар анҷоми вохурӣ Тереза Грентхем оид ба ҳамкории минбаъдаи мутақобилан судманди Агентӣ ва Барномаи INL суханронӣ намуда, аз сатҳи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ кард.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво