20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Шаҳринав маъракаи ҷамъоварии пилла оғоз ёфт

163
Дар Шаҳринав маъракаи ҷамъоварии пилла оғоз ёфтДар ноҳияи Шаҳринав мавсими ҷамъоварии ҳосили кирмак оғоз гардида, дар рӯзи аввали он дар макони қабули пилла раиси ноҳия Ҷаббор Носирзода иштирок ва барои иҷрои нақшаи пешбинишуда заҳмати кирмакпарваронро бо туҳфаҳо кадрдонӣ намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Шаҳринав бо дасту дили гарм ва болидарӯҳӣ пилла ҷамъоварӣ намуда истодаанд. Дар рӯзи якум 1 тонна пилла супорида шуд, ки нархи як килограмм пиллаи нав омодашуда 15 сомонӣ муайян шудааст.

Тибқи иттилои масъулини сохтори кишоварзии ноҳия, соли 2022 ба пиллапарварони ноҳия 287 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд. Дар асоси нақша, дар маҷмӯъ бояд 9 тоннаю 500 килограмм пилла ҷамъоварӣ карда шавад.

Коркарди пилла ва парвариши кирми он шуғли қадимии мардуми тоҷик маҳсуб шуда, соҳаи даромаднок ва афзалиятнок мебошад. Истеҳсоли пилла ҳамчун ашёи хом ба баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии кишвар мусоидат намуда, барои бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ аҳамияти калон дорад.

Дар мамлакат доир ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» амал мекунад. Ҳадафи асосии барномаи мазкур- муҳайё сохтани шароит ва замина барои рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво