20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«НАХУСТИН НОЗИРИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоб рӯнамоӣ ва ғолибони «Ҷоизаи Аббос Алиев» қадрдонӣ шуданд

168
«НАХУСТИН НОЗИРИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоб рӯнамоӣ ва ғолибони «Ҷоизаи Аббос Алиев» қадрдонӣ шудандДар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили рӯнамоии китоби «Нахустин нозири маорифи Тоҷикистон» ва натиҷагирӣ аз озмуни маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» барои дарёфти «Ҷоизаи Аббос Алиев» дар соли 2021 доир гардид. Дар ин бора корманди маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафаров хабар дод.

Дар ҳамоиш Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини вазир Лутфия Абдулхолиқзода, собиқ вазирони маориф ва илми кишвар, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, ғолибони озмун ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбию намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки ба озмуни маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» барои дарёфти «Ҷоизаи Аббос Алиев» дар соли 2021 10 довталаб мавод пешниҳод намуда, баъд аз омӯзишу хулосаи кумитаи тадорукоту аъзои ҳакамон 4 нафар ғолиби озмун дониста шуданд.

Аз ҷониби Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммад Лутфуллозода барои силсилаасарҳо вобаста ба педагогикаи миллӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Абдулҳай Шарифзода барои силсилаасарҳо роҷеъ ба зиндагинома ва осори чеҳраҳои бузурги илму адаби тоҷик, дотсенти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Мамадҷон Маҳкамов барои силсилаасарҳои илмиву методӣ аз риёзиёт ва ходими калони илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Азим Байзоев барои китоби «Масъалаҳои мубрами соҳаи маориф» «Ҷоизаи Аббос Алиев» тақдим карда шуд.

Ду нафар иштирокчии озмун- омӯзгорон аз шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов ва Шамсиддин Тоштемиров бо «Сипоснома» сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон дар қатори иштирокдорону ғолибони озмун бо пешниҳоди кумитаи тадорукот ва ҳайати эҷодии маҷалла собиқ вазирон ва нафароне, ки дар рушди маорифи миллӣ саҳми шоиста гузоштаанд, бо “Ҷоизаи ифтихории Аббос Алиев” мукофотонида шуданд. Аз ҷумла, собиқ вазирони маориф Талбак Назаров, Бозгул Додхудоева, Мунира Иноятова, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Нуриддин Саид, Муҳаммадюсуф Имомзода ва собиқ муовини вазири маориф Ирина Каримова соҳиби «Ҷоизаи ифтихории Аббос Алиев» гардиданд.

Аббос Алиев яке аз поягузорони матбуоти миллӣ маҳсуб шуда, муҳаррири масъули аввалин рӯзномаи давлатии Тоҷикистон «Иди тоҷик» (минбаъд «Бедории тоҷик») буд, ки ҳоло номи «Ҷумҳурият» дорад. Маҳз бо ибтикори ӯ аввалин нашрияи соҳавии маориф – маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» таъсис ёфт, ки нахустин маҷалла дар кишвари мо маҳсуб шуда, муҳаррири масъули он низ нозири маориф Аббос Алиев буд. Ин маҷалла бо мурури замон борҳо тағйири ном намуда, ҳоло бо номи «Маърифати омӯзгор» фаъолият дорад.

АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво