24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Роштқалъа барои 640 хонанда бинои муосири таълимӣ бунёд мешавад

165
БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Роштқалъа барои 640 хонанда бинои муосири таълимӣ бунёд мешавадДар маркази ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди бинои муосири таълимӣ иборат аз чаҳор ошёна ва барои 640 ҷои нишаст оғоз ёфт. Бинокорони ширкати «Помирсохтмон» маҳали сохтмони таълимгоҳи навро бо истифода аз панҷ техникаи пуриқтидор ҳамвор намуда, ҳафтаи оянда таҳкурсии биноро мегузоранд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Мамадамбар Мамадамбаров гуфт, ки «пас аз мавриди истифода қарор гирифтани бино хонандагон ба як басти таҳсил мегузаранд. То ҳол ин муассисаи таълимӣ дар ду баст фаъолият дошт. Дар фасли зимистон, ки ҳаво сарду рӯзҳо кӯтоҳанд, хонандагон бо душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Бинобар ин омӯзгорону хонандагон ва волидони онҳо ин тасмими Ҳукумати кишварро бо хушҳолӣ истиқбол гирифта, миннатдории худро шахсан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд».

Ба гуфтаи мудири маорифи ноҳия, «ин таълимгоҳ дар оянда ба такягоҳи муҳими соҳаи маориф табдил ёфта, дар пешрафти таълиму тарбияи дигар муассисаҳои таълимӣ нақши муассир мегузорад».

Бинои мазкур бо маблағгузории Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,62 гектар бунёд мегардад.

Корҳои сохтмони биноро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Помирсохтмон” ба уҳда дорад. Дар марҳилаи аввал 4 миллион сомонӣ ҷудо гардида, 10 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҳамворкунии замин машғуланд. Дар маҷмӯъ барои бунёди таълимгоҳи мазкур 28 миллион сомонӣ ҷудо шуда, он дар арафаи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво