24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд

116
Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шудКонфедератсияи футболи Осиё кишварҳоеро эълон кард, ки тирамоҳи имсол бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20)-ро мизбонӣ мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 1 то 9 октябр баргузор мешавад. Даҳ кишвар – Австралия, Бангладеш, Индонезия, Урдун, Қирғизистон, Уммон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Узбекистон ва Ветнам мизбон интихоб шудаанд. Дар ин мусобиқа даҳ гурӯҳ ташкил мешавад: шаш гурӯҳ иборат аз чордастаӣ ва чор гурӯҳ аз панҷдастаӣ.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё миёни наврасон, ки аз 3 то 20 майи соли 2023 дар Баҳрайн баргузор мешавад, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дувумро гирифтаанд, роҳ меёбанд.

Баҳрайн, Индонезия, Ироқ, Урдун, Қирғизистон, Лаос, Муғулистон, Уммон, Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон мизбонии гурӯҳҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20- соларо ба уҳда мегиранд. Мусобиқаи интихобӣ аз 10 то 18 сентябр баргузор мешавад. Тибқи қуръакашӣ 44 даста ба даҳ гурӯҳ тақсим мешаванд: шаш гурӯҳи чаҳордастагӣ ва чаҳор гурӯҳи панҷдастагӣ.

Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро гирифтанд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Акс: ФФТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво