24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар вилояти Суғд 340 тонна пилла истеҳсол мешавад

80
Дар вилояти Суғд 340 тонна пилла истеҳсол мешавадСоли равон дар вилояти Суғд истеҳсоли 340 тонна пилла ба нақша гирифта шуда, айни замон ҷамъоварии он идома дорад. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз нуқтаи қабули пилла дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Ба хоҷагидорони ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев имсол 500 қуттӣ кирмак тақсим гардида, кирмакпарварон тасмим гирифтаанд 15 тонна пилла истеҳсол намоянд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон изҳор намуд, ки пилла ашёи муҳими саноатӣ буда, бо назардошти ин «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» қабул карда шудааст. Ҳоло барои рушди соҳа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Раиси вилоят барои иҷрои нақшаи пешбинишуда ба кирмакпарварон тавсияҳо дода, ба занону бонувоне, ки ба ин шуғл машғуланд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Сипас, роҳбари вилоят сокини Ҷамоати деҳоти Унҷӣ Муҳаммадҷон Неъматовро аёдат кард. Оилаи Неъматовҳо солҳои зиёд инҷониб ба кирмакпарварӣ машғул буда, имсол 50 кг пилла месупоранд.

Раиси вилоят ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Акс: МИҲД-и вилояти Суғд




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво