20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии аввал бар Қирғизистон ғолиб омад

168
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии аввал бар Қирғизистон ғолиб омадДастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бо ғалаба оғоз кард, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар даври дуюми мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони то 16- солаи Тоҷикистон ҳамсолони худ аз Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голҳоро Масрур Ғафуров (аз пеналтӣ) ва Шерафган Саидов ба нишон расониданд. Дар бозии дигари даври дуюми Чемпионати CAFA-2022 дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Узбекистон дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Афғонистонро бо ҳисоби калони 6:0 мағлуб намуд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври навбатӣ имрӯз, 16 май доир мешаванд. Дар ин рӯз дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Эрон бо Қирғизистон (18:00) ва Тоҷикистон бо Афғонистон (21:00) миёни ҳам рақобат мекунанд. Хотиррасон мешавем, ки чемпионат аз рӯйи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад.

Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1
Узбекистон – Эрон – 2:2
Афғонистон – Қирғизистон – 1:1

Даври 2

Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 0:2
Узбекистон – Афғонистон – 6:0

Акс: ФФТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво