29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикистон Марафони дав ба ифтихори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз шуд

182
Дар Тоҷикистон Марафони дав ба ифтихори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз шудБахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 Мина Гули — шаҳрванди Австралия тасмим гирифтааст дар Тоҷикистон марафони дав баргузор кунад. Субҳи имрӯз, 16 май марафони аввали шаҳрванди Австралия дар Тоҷикистон дар самти Панҷакент – Айнӣ – Душанбе, дар масофаи 42 километр оғоз гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муҳлати марафони дав дар Тоҷикистон аз 15 май то 10 июнро дар бар мегирад. Дар ин муддат Мина Гули дар 11 марафони дав 458,2 километрро тай карда, аз захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии “Роғун”, “Норак” ва маконҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан ва дар Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 (6-8 июн) ширкат мекунад.

Мина Гули ва ҳамроҳонашро 15 май дар сарҳади Тоҷикистон бо Узбекистон дар шаҳри Панҷакент масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати нақлиёт, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Панҷакент пешвоз гирифтанд.

Дар Тоҷикистон Марафони дав ба ифтихори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз шуд


Мина Гули тоҷирзани австралиягӣ буда, дар бахши муҳити зист фаъол аст. Директори генералии Фонди “Thirst”, ки дар самти таблиғи сарфаи об фаъолият мекунад, мебошад.

Мина Гули дар канори шаҳри Мелбурни Австралия таваллуд шуда, дар Донишгоҳи Мелбурн таҳсил кардааст. Соли 1993 президенти Иттифоқи донишҷӯёни Донишгоҳи Монаш интихоб шуд.

Пас аз хатми мактаб дар бахши хусусии соҳаҳои энергетика ва инфрасохтор ба ҳайси ҳуқуқшинос кор кардааст. Соли 1999 дар биржаи фючерсҳои Сидней, дар рушди бозорҳои партовҳои карбон дар Австралия иштирок кард. Соли 2002 аз ӯ хоҳиш карда шуд, ки ба Бонки ҷаҳонӣ ҳамроҳ шавад ва дар таҳияи лоиҳаҳои тиҷорати карбон дар Чин, Ҳиндустон, Непал ва Индонезия кумак кунад. Соли 2005 ба бахши хусусӣ баргашта, кори худро дар бахшҳои энергияи барқароршаванда ва тағйирёбии иқлим дар Чин идома дод.

Соли 2012 Мина Гули Фонди “Thirst” таъсис дод, ки ба ҷавонон сарфаи обро тарғиб мекунад.

АКС: КМО Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво