29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Қазоқистон нақшаи амали ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

172
Федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Қазоқистон нақшаи амали ҳамкорӣ ба имзо мерасонандМасъалаи рушду тавсеаи ҳамкорӣ миёни Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (ФИКМТ) ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи сафари кории Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба шаҳри Нур-Султон бо Раиси иттифоқҳои касабаи Қазоқистон Сатибалди Даулеталин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ФИКМТ иттилоъ доданд, ҷонибҳо иҷрои бандҳои Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳо, ки миёни ҳарду федератсия соли 2015 ба имзо расида буд, қаноатбахш ҳисобида, барои рушду тавсеаи он таҳия ва ба имзо расонидани нақшаи амали ҳамкории дуҷонибаро саривақтӣ ҳисобиданд.

Сатиболди Даулеталин ҳамтои тоҷикистонии худро бо имкону шароит ва самтҳои фаъолияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон ва кумитаҳои ҳамузви он аз наздик шинос намуд. Баргузории табодули таҷриба ва машварату курсҳои омӯзишии муштарак барои боло бурдани касбияти мутахассисони соҳа аз ҳарду ҷониб мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Акс: ФИКМТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво