28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе нишасти тадорукотию ташрифотии Конфронси дуюми оби Душанбе баргузор гардид

168
Дар Душанбе нишасти тадорукотию ташрифотии Конфронси дуюми оби Душанбе баргузор гардидДар Душанбе 13 май таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва ҳузури роҳбарияти мақомоти дахлдори давлатӣ ва шаҳру ноҳияҳои кишвар Нишасти тадорукотию ташрифотии Гурӯҳи корӣ доир ба танзими Марафони ҷаҳонии об дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 июни соли 2022 зери унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, доир шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар нишаст иштирокчиён доир ба раванди омодагӣ ба ташкили давраҳои марафон ва масирҳои он дар қаламрави Тоҷикистон дар ростои дастури Роҳбари Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми оби Душанбе табодули андеша намуда, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Марафони ҷаҳонӣ дар Рӯзи ҷаҳонии об – 22 марти соли 2022 оғоз гардида, то 22 марти соли 2023, яъне таърихи баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар Ню-Йорк давом мекунад. Қисмати марбут ба Тоҷикистон ва Осиёи Марказии марафон дар моҳҳои май-июни имсол доир карда шуда, аз баҳри Арал то ба пиряхи Федченко дар Тоҷикистон расида, дар шаҳри Душанбе дар арафаи Конфронси дуюми Душанбе анҷом меёбад.

Ҳадафи марафон мусоидат ба расидан ба ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи рӯзафзуни обу иқлим бо дарназардошти таваҷҷуҳ ба Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Мина Гули – давандаи австралиягӣ, муассис ва Директори генералии Фонди «Thirst» бо ҳайаташ 15 май дар гузаргоҳи сарҳадии «Саразм» дар шаҳри Панҷакент ворди Тоҷикистон шуданд.

Хонум Мина Гули иштирокчии Марафон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 буда, бо ҳайати ҳамроҳаш аз беҳтарин маконҳои сайёҳии кишвар дидан менамоянд.


ДАР АКС: Мина Гули – давандаи австралиягӣ, муассис ва Директори генералии Фонди «Thirst» бо ҳайаташ дар гузаргоҳи сарҳадии «Саразм» дар шаҳри Панҷакент.

АКС: ВКХ ҶТ/Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво