23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб интихоб гардид

86
Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб интихоб гардидШӯрои олии федералии Амороти Муттаҳидаи Араб валиаҳди Абу-Забӣ Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳёнро президент интихоб кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора агентии иттилоотии давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб «WAM» хабар дод.

Қарор якдилона кабул карда шуд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа ибни Зоид Оли Наҳён дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ соли 2014 сактаи мағзӣ ва ҷарроҳии вазнинро аз сар гузаронд ва аз он вақт инҷониб кам ба чашм мерасид.

Дар кишвар мотами миллӣ эълон гардидааст, ки тибқи изҳорот, он 40 рӯз идома меёбад ва дар ин муддат парчамҳои давлатӣ нимафрохта мешаванд. Ҳамчунин ҳама вазоратҳо, муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои бахши хусусӣ барои се рӯз баста мешаванд.

13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба валиаҳди Абу-Забӣ, муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён ва ба Ноиби Президент, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво