Дар Душанбе Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
136
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) зимни ҷаласа дар Душанбе омодагиҳо ба чаҳорумин Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки қарор аст соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад, баррасӣ карданд.
13 май дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа таъкид гардид, ки нигоҳ доштани муколамаи эътимодбахши сиёсӣ ва густариши минбаъдаи муносибатҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ бешак авлавияти асосӣ мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд. Вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои ҳамкории бисёрҷонибаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ карда, перомуни мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Дар ҷаласа ҳамчунин ба татбиқи бандҳои Изҳороти муштарак аз натиҷаи Вохӯрии сеюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (Аваза, 6 августи соли 2021) таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. «Ҳамчунин оид ба масъалаҳои омодагӣ ва баргузории Вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт», — гуфтанд дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри 21, ки дар доираи нишасти дарпешистода ба имзо расонида мешавад, оғози давраи нави хамкории кишварҳои минтақа хоҳад гардид». Ёдовар мешавем, ки нахустин Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2018 дар Қазоқистон, дуюмин – моҳи ноябри соли 2019 дар Узбекистон ва сеюмин – моҳи августи соли 2021 дар Туркманистон баргузор шуд. Дар вохӯрии охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миёни сарони давлатҳои минтақа аввалин шуда мукофоти олӣ — Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро сарфароз гаштанд. Ин мукофот ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ» тақдим карда шуд. ДАР АКС: иштирокчиёни сеюмин Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Аваза (Туркманистон), августи соли 2021
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |