25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷавононро баррасӣ карданд

60
Дар Душанбе баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷавононро баррасӣ кардандБахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 13 май дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар форум таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷавонон-омили рушди суботи ҷомеа» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд.

Чорабиниро муовини директори Агентӣ Музаффар Аҳмадзода вобаста ба саҳми ҷавонон дар паст намудани шиддати коррупсия дар мамлакат суханронӣ намуда, даъват ба амал овард, ки зери сиёсати оқилона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони бо нангу номуси кишвар бо ифодаи олии ифтихори миллӣ барои пойдории сулҳу субот ва якпорчагии Тоҷикистон, инчунин барои аз байн бурдани падидаҳои номатлуби коррупсионӣ саҳмгузор бошанд.

Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Филиппо Кривелларо, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» Абдураҳмон Шарипов ва мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммад Раҳмонзода оид ба дастовардҳои ҷавонон дар тӯли 30-соли Истиқлоли кишвар суханронӣ намуданд.

Дар охири чорабинӣ барои меҳнати софдилона, ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас як қатор ҷавонони Агентӣ бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.



АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво