29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ОИЛА-РУКНИ МУҚАДДАС. Дар Академияи идоракунии давлатӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир шуд

71
ОИЛА-РУКНИ МУҚАДДАС. Дар Академияи идоракунии давлатӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир шудДар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май таҷлил мегардад, дар мавзӯи «Нақши институти оила дар рушди босуботи давлатдории миллӣ» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар академияи мазкур.

Дар қисмати пленарии конференсия ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Амид Комилбек, ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа Зулфия Аҳмадзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов ва намояндаи Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни конференсия ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Амид Комилбек иброз дошт, ки “оила дар ҳаёти инсон нисбат ба дигар институтҳои иҷтимоӣ волотарин ва арзишмандтарин мақомро дорост. Инсон дар оила ташаккул меёбад, хислат пайдо мекунад, маърифат меандӯзад ва ба одоби муошират молик мешавад. Ҳар қадаре ки оила маърифатбунёд, шарафманд ва масъулиятшинос бошад, ҳамон қадар аъзои он фаъолу накӯкор хоҳанд буд, ҳамон қадар ҷомеа бурд хоҳад кард, ҳамон қадар давлату миллат пуртавону соҳибқудрат хоҳанд шуд».

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода гуфт, ки «оила зуҳуроти иҷтимоию ҳуқуқӣ мебошад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таърифи ҳуқуқии оила дода нашудааст, вале дар истинод ба нуқтаи назари мухталиф таърифи оиларо ба тариқи зайл додан мумкин аст: оила иттифоқи озод, ихтиёрона, баробарҳуқуқ ва чун қоида якумраи зану шавҳар аст, ки ба муҳаббату эҳтироми тарафайн бо мақсади ташкили оила барои тавлид ва тарбияи фарзандон асос ёфта, бо риояи ҳама шартҳои дар қонун зикршуда ва умумияти маънавӣ ва хоҷагӣ, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳоро байни аъзои оила ба вуҷуд меорад ва дар ҳифзи давлат мебошад. Вазифаҳои асосии оила репродуктивӣ, тарбиявӣ, хоҷагидорӣ (иқтисодӣ), маънавияти ба ҳам созгори аъзои оила ва дастгирии моддӣ мебошад».


Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оилаи мустаҳкам яке аз аркони муҳими давлату ҷамъият мебошад. Барои бо муваффақият аз уҳдаи ин талабот баромадан оилаи имрӯзаи ҷамъияти мо ба беҳтар намудани шароити моддию маишии зиндагӣ ва тарбияи кӯдакон ниёз ба ёрию ғамхории муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ дорад. Ҳамзамон осудагию созишу ризоият, устувории меҳру муҳаббат ҳамчун асоси мустаҳкамии оила – бештар вазифаи худи оила аст. Ба ташкили оила, таъмини осудагию беҳбудии ӯ бояд бо масъулиятшиносии том муносибат кард».

Ҳамзамон доктори илмҳои педагогӣ, профессор, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода дар мавзӯи “Мақом ва нақши эътиқоди ахлоқӣ ва ватандӯстӣ дар тарбияи оилавию иҷтимоии фарзандон дар осори А. Фирдавсӣ”, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов дар мавзӯи “Нақши зан дар таҳкими оила ва суботи ҷомеа”, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нафисахон Юнусова дар мавзӯи “Аҳамияти меҳру муҳаббати модар дар ҳаёти кӯдак” ва мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академияи давлатии идоракунӣ Гуландом Абилзода дар мавзӯи “Нақши институти оила дар низоми муносибатҳои иҷтимоӣ” сухан гуфтанд.

Зикр гардид, ки яке аз марҳилаҳои муҳими зиндагӣ бунёди оила мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки оила рукни асосии ҷомеа ба шумор рафта, устувории он дар заминаи муҳаббат, садоқат, иззату ҳурмат ва сабру тоқат имконпазир аст.

Мо имрӯз бояд сари оилаи муосир андеша намоем ва ба ҷавонон роҳи дурусти зиндагӣ пешниҳод намоем.

Дар ҷараёни конференсия аз ҷониби баромадкунандагон ва иштирокдорон пешниҳодҳои судманд ва андешаҳои созанда баён гардиданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво