16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хуҷанд волидон барои аёдати фарзандонашон ба қисмҳои ҳарбӣ раҳсипор шуданд

160
Дар Хуҷанд волидон барои аёдати фарзандонашон ба қисмҳои ҳарбӣ раҳсипор шудандЯк гурӯҳ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва волидайни наваскарон бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода бо мақсади аёдати сарбозон ба қисмҳои низомии ҷанубу шарқи кишвар сафарбар карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар МИҲД шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Ҳадаф аз роҳандозии сафар- фароҳам сохтани дидори волидайн бо фарзандони шуҷоашон мебошад, ки ҳоло дар қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат адои хизмат намуда истодаанд.

Гурӯҳи кориро намояндагони шуъбаи фарҳанг, аҳли санъат низ ҳамроҳӣ намуданд, то ин ки дар фароҳамсозии фазои фарҳангӣ зимни мулоқоту дидорбинии волидайн бо фарзандонашон саҳм гузоранд.

Дар нақшаи гурӯҳи корӣ аёдати сарбозон дар қисмҳои низомии шаҳру навоҳии Душанбе, Ваҳдат, Фархор, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Ҳисор, Хоруғ, Ишкошим ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз якуми апрели соли равон дар мамлакат даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона идома дошта, масъулини комиссияҳои даъватӣ ва мақомоти вобастаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ хеле фаъоланд.

Маъракаи бошукӯҳи идона дар самти гусели муҳофизони ояндаи Ватан давоми як моҳи ҷараён дар вилояти Суғд 55 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстону Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.

Тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, аксари онҳо бо дарки баланди эҳсоси ватандӯстиву адои вазифаи ҷавонмардӣ ва бо анҷоми масъулияти шаҳрвандии худ дар назди қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ баъди гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист барои ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои давлатӣ ҳозир мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти вилояти Суғд




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво