20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар Душанбе зиёда аз 46 500 нафар иштирок карданд

162
Имрӯз дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар Душанбе зиёда аз 46 500 нафар иштирок карданд Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Дар маҷмӯъ дар Дави миллӣ 45 230 нафар, аз ҷумла 17 524 нафар бонувон ва дар марафони велосипедронӣ 1 320 нафар иштирок намуданд.

Иштирокдорони маъракаи варзишии мазкурро муовини Сарвазири Ҷумҳрии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода шодбош гуфтанд.

Имрӯз дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар Душанбе зиёда аз 46 500 нафар иштирок карданд


Мавриди зикр аст, ки Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз деҳаи Чорбоғ оғоз гардида, то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе идома ёфт ва ғолибон бо диплому ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи варзиш ва оммавигардонии он бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 инҷониб ҳамасола дар саросари кишвар якшанбеи сеюми моҳи май бахшида ба Рӯзи ҷавонон Дави миллӣ гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар қатори сокинон ва кормандони касбу кори гуногуни пойтахт кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» низ дар Дави миллӣ фаъолона иштирок намуданд.


АКС: Тоҳир САИД/АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво