ТАВАҶҶУҲ! 15 май ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе муваққатан манъ мегардад![]() ![]() Тавре дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт бо мақсади баргузор намудани Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон сурат гирифта, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ чораҳои мушаххаси мақсаднокро барои бехатарии ҳаракати шаҳрвандон роҳандозӣ намояд. Инчунин шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум тавассути дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешад. АКС: АМИТ «Ховар»
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |