18 май 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маҳмадтоир Зокирзода ва Маулен Ашимбаев ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ намуданд

32
Маҳмадтоир Зокирзода ва Маулен Ашимбаев ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ намудандИмрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуд, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкорӣ баррасӣ гардида, барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал, беҳтарсозии кори Гурӯҳи парлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Маҳмадтоир Зокирзода сафари Маулен Ашимбаевро рӯйдоди таърихӣ, далели рушди босуръати муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ хонда, тазаккур дод, ки муносибатҳо самарабахш инкишоф меёбанд ва натиҷаҳои ҷиддию назаррас ба даст оварда мешаванд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон шарикони стратегӣ мебошанд ва халқҳои ҳарду давлатро риштаҳои дӯстии бародарона, ки бар анъана ва арзишҳои умумӣ асос ёфтаанд, пайваст мекунанд.

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар сиғаи дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай бомуваффақият роҳандозӣ намудаанд.


Изҳори итминон карда шуд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон минбаъд низ дар доираи ин созмонҳо ба хотири ҳифзи сулҳ, суботи минтақа ва рушди устувор равобити зичи худро таҳким мебахшанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин иброз намуд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон ва Қазоқистон соли таърихӣ хоҳад буд, зеро ҳарду давлат 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд.

Роҷеъ ба муносибатҳои байнипарлумонӣ Маҳмадтоир Зокирзода зикр кард, ки байни Маҷлиси намояндагон ва Парламенти Қазоқистон дар заминаи дуҷониба ва дар доираи ҳамкории байналмилалии парлумонӣ, пеш аз ҳама, дар фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи байнипарлумонии СААД ҳамкории пурсамар ба роҳ монда шудааст.

Дар фарҷоми мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки шарикии Тоҷикистон ва Қазоқистон минбаъд низ ба нафъи давлатҳо ва халқҳо бемайлон инкишоф меёбад.

Дар мулоқот ҳамчунин муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим ва аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво