18 май 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷаласаи якуми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид

22
Ҷаласаи якуми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардидНимаи аввали 13 май дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев ҷаласаи якуми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа аъзои Комисия аз ҳарду ҷониб, инчунин кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев бо суханони ифтитоҳӣ баромад карданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирокдорони ҷаласаи нахустини Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламентро шодбош гуфта, нақши онро дар самти рушду таҳкими ҳамкории судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон муҳим арзёбӣ карданд.

Ҷаласаи якуми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид


Баъди суханони ифтитоҳии роҳбарони ҳайатҳо маросими баимзорасонии «Харитаи роҳ» оид ба рушди ҳамкории байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент барои солҳои 2023-2024 доир гардид.

Сипас, ҷаласаи Комиссия таҳти раёсати ҳамраисони он — муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Олга Перепечина идома ёфт.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, иштирокдорон масъалаҳоро оид ба тасдиқи дастури Комиссияи доимӣ, самтҳои асосии ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва сиёсати муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Ҷаласаи якуми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид


АКС: Тоҳир САИДОВ/АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво